Хабарҳо

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

Кас агар дӯст надорад Ватан, имонаш ку?

Дӯстдории Ватан фарз агар виҷдон аст.

Кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии кишвари азизу маҳбубамон дар соли сипаригардидаи 2019 рӯҳу илҳоми тоза гирифта баҳри амали гардонидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ки дар нуқтаҳои асосии паём даргардида буданд як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст.

Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 6-комиссияҳои доимӣ ва 29 комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим бо пуррагӣ фаъолияи намуда дар якҷоягӣ бо кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ раванди баргузории туйҳои домодию арӯсӣ ва маросимҳои дафну азодориро таҳти назорати доими қарор медиҳанд. Ҳамзамон оид ба рафти иҷрои қонуни болозикр бо иштироки фаъолонаи масъулини соҳа ва аъзоёни комиссияҳои доимӣ дар байни аҳолии ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳои дурдасти ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии кишвар, ки 26 декабри соли 2019 доир гардида буд дар бораи фаро гирифтани гушаҳои гуногуни оламро амалҳои даҳшатноки террористию экстремистӣ ва қатлу куштори шаҳрвандони бегуноҳ инчунин мағзшуии ҷавонони камсавод ва ба ин васила шомил намудани онҳо ба гуруҳхои ифротӣ қайд гардида буд. Вобаста ба ин масъала дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ бо ҷалби мудирони шуъбаю бахшҳо, собиқадорони меҳнат,шахсони обруманд таъсис дода шуда оид ба рафти иҷрои “Консепсияи мубориза бар зидди фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом”ва ҳаммаслакони он дар байни шаҳрвандон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Ҷиҳати иҷроиши талаботи бандҳои ва нақшаи тасдиқшудаи консепсияи мазкур оиди ба ҷойи кор таъмин намудани собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом,таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда ҳамаашон ба ҷойи кор ҷалб карда шудаанд ва фарзандонашон барои идома додани таҳсил ба муассисаҳои таълимӣ фарогир мебошанд ва таҳти назорати доимӣ қарор доранд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар мавзуъҳои «Террорист кист?- Терроризм чист?», «Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ», «Роҳҳои мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ экстремистӣ» бо иштироки омӯзгорону хонандагон волидайни онҳо мунтазам гузаронида мешавад. Дар нашрияи ноҳиявӣ мақолаҳо оид ба маҳкум намудани амалҳои террористӣ ва ҳадафҳои ғаразноки наҳзатиён ҳар ҳафта ба табъ расонида мешавад.

Ҳамзамон иброз менамоям, ки чалб намудани тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии азизамон ба китобхонӣ ва илмомӯзӣ, таваҷҷуҳи хоса ба яке аз соҳаҳои калидии Ҷумҳурӣ, гузаронидани озмунҳои гуногун барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯххои террористӣ яке аз нуқтаҳои асосии Паёми имсола маҳсуб ёфта, барои гузаронидани ҳамагуна озмунҳо ва бахусус ҷалби калонсолон дар ноҳия идома дорад.

Дар ҳамаи 57 масҷидҳои ноҳия камераҳои мушоҳидавӣ оид ба назорат намудани шаҳрвандон насб карда шудааст ва бо пуррагӣ фаъолият мекунанд. Толибилмони дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, ки 59 нафарро ташкил медоданд, пурра ба Ватан баргардонида ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд ва дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоии ноҳия ҳиссагузорӣ намудаистодаанд ва таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта мунтазам ба толибилмон ва волидайни онҳо вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида мешавад.

Корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба амалинамудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии кишвар ва гузаронидани интихоботи дар пеш истода вобаста ба таъмин намудани амну суббот ва гирифтани пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлуб дар ноҳия корҳои таблиғотию ташвиқотиро ҷоннок намуда намегузорем,ки амну субботи бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва мардуми ҷонфидои тоҷик ба дастомадаро нохалафе халалдор созад.

 

Мудири бахши дин, танзими анъанава ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг      Ҷ.Одинаев

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *