Хабарҳо

Паём – роҳнамои самти рушди босуръати мамлакат.

Паём – роҳнамои самти рушди босуръати мамлакат.

Чун ба таърихи чандҳазорсолаи миллати мутаммадини тоҷик назар афканам мушоҳида мешавад, ки дар давраҳои гуногун бо стратегияву равишҳои мухталиф абармардони саршиносу меҳанпарвар, миллатдӯсту бо нангу ор ва бедордили миллати тоҷик тавонистанд бо таъсиси давлату сулола ва хонадонҳои худ муддати анқариб 5000 сол пеш то инҷониб таъриху фарҳанги миллати тоҷикро побарҷо нигоҳ доранд.

Ба ояндагон-фарзандону наберагони худ як фарҳанги бойи сиёсию иҷтимоӣ ва пурғановати маънавиро чун беҳтарин ҳадоёти таърих маҳфӯз гузаронд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат 26 декабри соли 2019 ин хусусият баръало ҳувайдо буд, ки чун пешвоёни донишсолори гузашта ба монанди Ҷамшеду Фаридун, Курушу Исмоили Сомонӣ ва дигарон Пешвои муаззами миллат бо ироаи ҳамасолаи Паёмҳояш барои миллати тоҷик роҳи дурахшони ояндаро муайян мекунанд.

Аввал ин, ки Паёми имсолаи Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳисоботи мукаммали 10-соли охири садаи 21-давлати тоҷик буд, ки ҳамаи дастоварду муваффақиятҳои тули ин даҳсола бадастомадаи давлату миллатро хеле возеҳу равшан дар худ инъикос кардааст.

Дуввум дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таҳлили амиқу вазифагузориҳои воқеии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа,ба соҳаи иҷтимоӣ, таъриху фарханг ва маънавиёти ҷомеа диққати махсус дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳамчун як нақшаи кулли иҷтимоӣ ба самти беҳдошти зисту зиндагонии мардум, муҳайё намудани шароити замонавии рӯзгузаронӣ, ба таъриху фарҳанги пурғановати ниёгону зиёиёни имрӯзи тоҷикон рӯ овардани оммаи мардум новобаста аз шахсияту ҳайсияташон, мутолиаи адабиётҳои бадеии халқи тоҷик ва дигар халқҳои ҷаҳон, ташкили китобхонаҳо дар ташкилоту муассисаҳои мухталиф, махсусан ба касбу ҳунар ва шуғли муайян фаро гирифтани кулли шаҳрвандони қобили меҳнат нигаронида шуда, дар доираи вазифагузориҳои боло мо кулли зиёиёну омӯзгорон, тарбиятгарон ва махсусан падару модаронро зарур аст, ки дар раванди иҷрои ин ҳидоятҳо собитқадамона саҳмгузор бошем.

Директори Л.К.Т-и ноҳия Ф.Акбаров