Террористон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд!
Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон табадулоти давлатӣ барпо кардан ва нооромии мардуми осоишта мебошад.
Солҳои охир аъзоёни Ҳизби назҳати ислом теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро содирнамуда, дар байни аҳоли, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта, боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъияти мегардиданд.
Собиқ Ҳизби нахзати исломии Точикистон дар ба амал баровардани мақсаду ҳадафҳои худ нақшаи мукамал ва манфиатовар барои ҷомеаро пайдо накарда рӯз ба рӯз эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод. Маҳз баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштубонии хориҷии ҳизб, сарварони он дастур гирифтаанд, ки шанси охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низоми ҳокимиятро ғасб намоянд. Ин ошуби душманона ва мусаллаҳонаи ҲНИТ бо роҳбарии шахсони фурухташуда ва дар хориҷа таълимгирифта, терористони ҳирфаи, Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳалим Назарзода, аз тарафи мақомотҳои қудратии кишвар пахш карда шуд.
Бинобар ин Додгоҳи олии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 бо дархости Додситони кулл Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ- террористӣ ҳисобида, фаъолияташро мамнуъ эълон намуд. Имрӯзхо ҳисоботҳо нишон медиҳад, ки бисёр ҷавонон ба ин ҳизбҳо дохилшуда, дар ҷангҳои Сурия иштирок мекунанд.
Аз он соле, ки дар Точикистон ин ҳизби террористӣ бо сардории ашхоси ватанфуруш, хоини давлату миллат, шахси фурухташуда Муҳиддин Кабирӣ, фаъолияти худро сар карда буд, кушиш мекард, ки ҳадафҳои худ ва дархости хоҷагони хориҷии худро дар Тоҷикистон пардапушона амали кунанд. Бо дастгирии мардуми шарафманди тоҷик ва аз тарафи мақомоти қудратии кишвар пахш карда шуд. Барои мардуми тоҷик ҷанги шаҳрванди як дарси ибратомӯз мебошад, ки ҳеҷ гоҳ аз гушаи хотираҳояшон фаромуш нахоҳанд кард. Халқи тоҷик намехоҳад, ки дигарбора ба доми найрангу фиреби шахсони айёрпеша ва хоин ба мисли Муҳиддин Кабирӣ гирифтор шаванд.
Ягон терррорист наметавонад, ки дар Точикистони соҳибистиқлол ва ободу зебо нақшаҳои нопоки худро амалӣ намояд, зеро мардуми шарафманди тоҷик имконият намедиҳанд, ки ин ашхос дар Тоҷикистон кор ва фаъолият намоянд. Муҳиддин Кабирӣ, Ҳалим Назарзода ва дигар шахсони гумошташуда ва хоин як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда, хамчун ватанфурӯш нақш хоҳанд баст. Ин ашхос ба гузаштаи хеш ва давлату миллат иснод меоваранд. Насли наврас ва ояндаи тоҷик аз таърих хоҳанд донист, ки Мухиддин Кабирӣ ва Кабиримонандҳо барои ҷомеаи ҷахон хатаровар мебошанд. Аз террорист ҳама чизро интизор бояд шуд, аз ин хотир лозим аст, ки бар мукобили ин равияхои тундгаро мубориза барем ва дониши сиёсии шаҳрвандонро баланд бардорем, то ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва террористию экстремистӣ дохил нашаванд, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
О.Олимов – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи ноҳияи Ховалинг