Тавре таҳлилҳо соҳа нишон медиҳанд, на ҳама кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, ки худро ҳомии сулҳу субот ва оромии минтақа ва ҷаҳон медонанду ба дигарон ҳукмфармоӣ карданро меписанданд, дар воқеъ дар пайи талоши барқарории амнияти ҷаҳон мебошанд. Кишвари Амрико, ки худро яке аз мудаиёни асосии демократия ва сулҳу субот дар ҷаҳон ҳисоб мекунанд. Аммо на ҳама вақт ба ин ақидаи худ собит ва дар пайи ободии кишварҳои дигари ҷаҳон мебошад. Ҳар замоне сухан доир ба манфиати дигар кишварҳо меравад, бо муносибати махсуси худ дигаронро дар ҳолати шок қарор медиҳад.
Дар бораи стандарти дугонаи ин кишвар маводу матлабҳои фаровоне ба нашр расидааст. Аммо, нуқтаи ҷолибе, ки инҷо мебинем, ин аст, ки ободии давлате мисли Тоҷикистон барои эшон чандон хуб ва боиси дастгирии эшон набуду нест. Ҳарчанд ҳамасола барои мо маблағҳои зиёдеро ҳамчун грант ихтисос медиҳад, аммо на ҳама вақт ин маблағҳо ба фоидаи миллату давлат равона мегарданд.
Замоне буд, ки Департаменти давлатии ИМА аз он изҳори нигаронӣ мекард, ки дар Тоҷикистон исломи фундаменталистӣ дар ҳолати рушд қарор дорад, ки ин ба амнияти кишварҳои минтақа хатарзо мебошад. Аммо, дар чанд соли охир нигоҳи худро ин ниҳоди кишвари бузург иваз кардааст. Дар назари эшон имрӯз сохтори давлатдории Тоҷикистон барои эшон мояи нигаронӣ қарор гирифтааст. Созмонҳои хориҷие, ки таҳти ҳимояти ин кишвар қарор доранд, пайваста Тоҷикистонро нишони худ қарор додаанду ба ҳарроҳу восита дар пайи он мебошанд, ки дар арсаи байналмиллалӣ обрӯйи ин кишварро хатчадор намоянд. Ташкилотҳои байналмиллалӣ, ки пуштибони асосии Ҳизби мамнуй наҳзати исломии Тоҷикистон буд, пас аз баста шудани он ба душмани №1 сохти конститутсионӣ мубаддал гаштанд. Агар солҳои пеш соле як маротиба аз Тоҷикистон гила мекарданд, акнун, дар айни замон ҳар моҳ ба интиқоди ҳукумати оғоз намудаанд. Танҳо дар 10 рӯзи охир маротибаи 3-юм аст, ки аз Тоҷикистон кишвари Африқоӣ сохтаниянд. Гиллаҳои бемаънӣ, сафсатаҳои бе асоси эшонро метавон дар ҳар куҷо хонду аз ҳаркуҷо шунид.
Департаменти давлатии ИМА ё вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар гузориши худ Тоҷикисонро кишвари худкомае номидааст, ки таҳти султаи сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконаш қарор дорад.
Ба касе пӯшида нест, ки худкома гуфтану аз кишваре, ки сиёсаташ барои эшон мақбул нест интиқод кардан ба амри маъмулии эшон мубаддал гаштааст. Амрикову муқараббонаш ба давлате, ки каме пеш мераваду сатҳи зиндагияш беҳ мегардад, бо чашми душмани нигоҳ мекунад. Баланд шудани сатҳи зиндагии мардум аз ҳолати гурӯснагӣ наҷот додани аҳолӣ онҳоро сахт нигарон кардаанд. Ҳамагон ёд дорем, ки бо ҳамин баҳона ба сари миллатҳои дунё чӣ бадбахтиҳоеро овардаанд. Кишварҳои Ироқу Сурия, Украинаву Либиё замоне мардумонаш хушбахт буданду сатҳи зиндагии аҳолии баъзеи аз ин давлатҳо ҳатто аз Амрико ҳам беҳтар буд. Аммо бо баҳонаи «худкома»-ву «диктатор» ин хушбахтии мардумро ба таври абадӣ рабуданд.
Аз пахши чунин гузоришҳо маълум аст, ки онҳо дар пайи он мебошанд, ки тамоми кишварҳои дунё ғайр аз худи онҳо бояд сулҳу субот ва оромиро набинанд. Дар кишварҳои мусалмоннишин бояд ҷанги «ҷиҳод»ӣ бошаду дар кишварҳои ғайри мусалмонӣ неофашистону бандерҳо мардумро ба ба сӯйи фиқру бенавоӣ бояд раҳсипор кунанд. Ҳамагон ёд дорем, ки то замони сари қудрат омадани Владимир Путин, сатҳи зиндагии мардуми рус дар кадом сатҳ қарор дошт. Моҳҳо нафақахӯрон бе нафақа буданду коргарон бе маош, ин ҳолат кишвари Амрикоро қаноат мекарду гилаи аз ин давлат надоштанд. Аммо, бо ба сари қудрат омадани Путин сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ба қавли чашми амрикоиҳо ба сих задан шуруъ кард.
Пуштибонии Департаменти давлатии Амрико аз Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин ба вуҷуд овардан ва ба кор андохтани ташкилоте амсоли ДИИШ-у «Толибон» дар Тоҷикистон мебошад. Зеро мо ёд дорем, ки дар аввали низоъҳои Сурия маҳз Амрико чунин гузоришҳо пахш мекарду аз «Ҷабҳат-ан- нусра» ҳамаҷониба дастгирӣ менамуд. Пас аз шакл гирифтани ин гурӯҳ акнун гапҳои пешвақт гуфта худро фаромӯш кардаанд. Мутмаинан, ин давлат дар пайи талош ноамниҳо дар Тоҷикистон мебошад.
Яқин аст, ки аз ин гузориш Ҳизби мамнуйи наҳзати исломии Тоҷикистон изҳорӣ қаноатмандӣ мекунаду хушҳол мегардад. Аммо, бехабар аз он ки абзоре мебошад барои пиёда кардани аҳдофи Амрикову ёронаш.
Нодири Қодир