Хабарҳо

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм)

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм)

Дар толори ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг санаи 17- и марти соли равон, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Ҷонбахт (даъвати сеюм) бо иштироки раиси ҷамоат Назаров Миралӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Искандар Бобоназаров, Ҳисайнов Шариф, вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоати деҳот ва раисони маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ҷонбахт баргузор гардид.

Иҷлосия бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, дар рафти иҷлосия вакилони тозаинтихобшуда, барои содиқона хизмат намудан ба халқу ватан савганд ёд намуданд.

Дар рафти иҷлосия аз тарафи вакилон Назаров Миралӣ ба вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Ҷонбахт, Ҳусайнов Сулаймон ба вазифаи муовини раиси ҷамоати деҳот ва Холов Манучеҳр ба вазифаи котиби ҷамоати деҳот интихоб гардиданд.