Хабарҳо

Вохӯрии раиси ноҳия бо сокинони деҳаи дурдаст

Вохӯрии раиси ноҳия бо сокинони деҳаи дурдаст

Санаи 19-уми марти соли 2020 дар деҳаи Момаии ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳия, вохурии раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам бо сокинони деҳа баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ қабл аз ҳама раиси ноҳия сокинони деҳаро бо фарорасиии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  муборакбод намуд.

Мақсади асосии баргузории вохӯрии мазкур бо сокинони деҳа, ин таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш гардонидани роҳи даромадгоҳи деҳаи Момаи мебошад, ки ин орзӯи деринтизори бошандагони деҳаи мазкур буду ҳаст.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар соли ҷорӣ дар деҳа бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифодаи халқ дода мешавад.