Саноаткунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ бошад ҳам, ҳадафи дигари он пешгирии бекорӣ ва омилҳои ба он баробар мебошад
Саноаткунонии бо суръати кишвар яке аз он масъалаҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презитенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи чоруми кишвар чунин иброз дошт: «Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон , ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат бо ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем».
Дар воқеъ вобаста ба ин масъала бояд зикр намуд, ки сол то сол маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд гашта истодааст. Барои ба ин ҳадаф расидан аз шакли саноати-аграрӣ ба аграрӣ-саноатӣ шояд суоле пайдо шавад, ки чӣ бартариҳо дорад?
Қайд кардан ба маврид аст, ки саноаткунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорад. Саноаткунонӣ аввалан боиси фароҳам овардани ҷойҳои кор барои шаҳрвадони кишвар гардида, бекориро коҳиш дода, сафи муҳоҷирони меҳнатиро хеле кам менамояд. Мақсад ва ҳадафи ягонаи саноаткунонии мамлакат ҳам дар ҳамин аст. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо шаҳрвандони бекор ё бемаълумот роҳи асосии зисту зиндагониро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд ва доир ба имконият, инчунин шарту шароити ҷойи кор, муносибатҳои муҳоҷиратӣ дар кишварҳои хориҷро пурратар дарк ва муайян намекунанд ва ҳангоми муҳоҷират ба мушкилотҳои зиёд дучор мегарданд. Тибқи назарияҳо яке аз мақсадҳои муҳоҷирати меҳнати ин ба даст овардани маблағи «муфт» ё калон аст, ки дар ин замони пуртазоди ҷаҳонӣ барои шахсони манфиатҷуйю гуруҳҳои ифротӣ фурсатест муносиб.
Дар замони рақобатпазири ҷаҳони иқтисодӣ гурӯҳҳои миёнараву манфиатҷӯй чун гуруҳҳои террористию экстремистӣ ки манфиати шахсию ғаразонаи онҳо дар баробари истиқлолияту тараққии давлату миллат кам бошад, аз ин рӯ бо ҳар роҳу восита сайъ менамоянд, ки мардумро хусусан ҷавононро ба доми худ андохта, бар муқобили ин ҳама дастовардҳо, ки дар маҷмуъ метавон Истиқлолияти давлатӣ номид ангезонанд, то тавонанд коҳише дар рушди иқтисод ворид намоянд.
Муҳаққиқон ва мутахассисон пайдоиши ин зуҳуротҳои номатлубро дар ду сабаб мансуб медонанд. Бархе аз онҳо онро ба вазъи кунунии иқтисодӣ ва баъе дигар ба вазъи динию эътиқодии шаҳрвандон нисбат медиҳанд. Мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, зиёд шудани аҳолӣ ва мушкилоти бозори меҳнат. Инҳо аз омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро мебошанд. Созмонҳо ва ташкилотҳои ифротгаро, тундгаро, террористӣ, ки дорои шабакаҳои маблағгузорӣ мебошанд бо ваъдаҳои пулӣ ва моли зиёд чӣ хеле, ки дар боло қайд намудам ин гурӯҳи осебпазирро ба худ ҷалб намуда, чун васила истифода менамоянд.
Таъсири дигари омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ин таъсири берунӣ ба фазои иттилоотии дохилӣ мебошад. Тибқи таҳлили коршиносон қисме аз мубалиғони ин ҷараёну ҳаракатҳои ифротгаро, тундгаро ва террористӣ аз шабакаҳои интернетӣ барои таблиғу ташвиқи ғояҳои ғаразноки худ ба таври васеъ истифода менамоянд ва ба ин васила афкори қавме аз ҷавонони сустирода ва дорои ҳуввияти ноустуворро тағйир медиҳанд.
Абадқудратҳои ҷаҳонӣ бо истифода аз ҳуҷумҳои эътиқодӣ ва фарҳангӣ, ки аз назари сармоягузорӣ камхарҷ буда, аз рӯи фоида ва натиҷаҳо бисёр муносиб аст, моҳирона истифода менамоянд. Онҳо ин гурӯҳҳои ифротгароро ҳамчун василаи расидан ба мақсадҳои ғаразона сиёсию иқтисодии худ истифода бурда, вориди муноқишаҳои сиёсӣ карда, ҳар давлате, ки бо ин ҳаракатҳо мубориза мебарад ва низоми дунявиро ҳифз мекунад, ба маҳдуд кардани ҳуқуқи диндорон мутаҳам карда мешаванд, ки дар натиҷа боиси хушунату муноқишаҳо гардида, имкони талафоти молию ҷонӣ ба миён меояд.
Дар ин вазъи тағйирёбанда ва пурталотум барои пешгирии густариши ин вабои аср, яъне таъсири идеологияи ифротгароҳо ба қишрҳои гуногуни кишварҳои озоду соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги исломӣ дар заминаи пойдории истиқлолияти давлатӣ, ба роҳ мондани омӯзиши динии наврасон ба маънои огоҳӣ доштан дар бораи динҳои ҷаҳонӣ, ислом ва равияву ҷараёнҳои ба он дахлдор дар баробари омӯзиши илмҳои дунявию табиатшиносӣ ва технологияи муосир, омӯзиши махсуси муҳоҷирони меҳнатӣ, ки гурӯҳҳои осебпазири таблиғгароёни ифротгаро мебошанд аз нигоҳи сиёсӣ, тахассусӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар миёни ҷавонон, махсусан хонандагон ва донишҷуёни муассисаҳои олии касбӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо кибертерроризм, муттаҳид намудани қувваҳои солими ҷомеа бо баргузор намудани семинару анҷуманҳои илмии сатҳи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро манфиатбахш мебинем.
Ҳамчунин зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар ҳиссагузор бошем ва андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд: «Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд». Албатта, дастури зикргардидаи Пешвои миллат дар кору фаъолияти мо ҳамаҷониба мусоидат карда, ҳамчун таконбахши эҳсоси миллӣ дар замири мо ва василаи муттаҳидкунанда маҳсуб ёфта, бо доштани дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ метавонем ба зиндагии шоиста ноил гардем.
Аз ҷумла гузаштан ба шакли саноатӣ-аграрӣ боиси зиёд гардидани сафи мутахассисони баландпояи саноатӣ гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани шароити некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Ногуфта намонад, ки саноаткунонии иқтисодиёти кишвар ба рушди деҳот, зисту зиндагии бошандагони он таъсири мусбӣ мерасонад.
Аз ин рӯ моро мебояд дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ талош намуда, баҳри гулгулшукуфоии меҳани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошем, ки ин як қадами устувор дар рушди кишвар ва кам намудани сафи муҳоҷирони меҳнатию бекорӣ, инчунин пешгирии омилҳои ба он баробар мебошад.
Валӣ Табаров, мудири бахши саноат ва коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг