Хабарҳо

Имрӯз таътили баҳорӣ ба охир мерасад. Омодагӣ ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шурӯъ мешавад

Имрӯз таътили баҳорӣ ба охир мерасад. Омодагӣ ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шурӯъ мешавад

Март 31, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз31 март таътили баҳории хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 март оғоз гардида буд, анҷом меёбад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҳафтаи истироҳатӣ барои хонандагон як зумра барномаҳо доир намуд, то онҳо дар ин давра ба корҳои беҳуда овора нашаванд.

Дар давраи таътил баробари омӯзгорон падару модарон низ дар таълиму тарбияи фарзандон ва самаранок гузаронидани вақти онҳо бо масъулияти баланд муносибат намуданд. Зеро ин ҳамкории муфид сабаби баланд гардидани сатҳи дониш ва тарбияи намунавии хонандагон мегардад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, дар ин бора бо чанд нафар масъулини соҳаи маориф ва волидон  ҳамсуҳбат гардид, ки  хулосаи он пешниҳоди хонандагон мегардад.

«Дар таътили баҳорӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади   ҳарчи бештар ҷалб намудани хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе, аз ҷумла ба Маркази кӯдакон ва наврасон ва марказҳои кӯдакон ва наврасони чор ноҳияи шаҳри пойтахт маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, забономӯзӣ, варзиши фарҳангӣ фаъолият мекунанд, ки зимни таътил хонандагон ба таври ройгон ба онҳо фаро гирифта шудаанд»,-иброз дошт сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯзҳо  ҳар лаҳзаи вақти хонандагон пурарзиш мебошад. Зеро омодагӣ ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва оғози Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар мамлакат шурӯъ мешавад.  Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба машғулиятҳо ҷараён доранд.

Ин имконият ва шароити мусоидро Ҳукумати мамлакат барои босавод намудани насли наврас фароҳам овардааст. Барои дар амал тадбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, ки 2 августи соли 2011 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки қонуни  мазкур тақозои замон буда, он барои таълиму тарбияи комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.

Яке аз бузургтарин вазифаи волидайн-ин таълиму тарбияи неки фарзанд мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «бачае, ки дар оилаи хуб тарбия меёбад, чун инсони комил ба воя мерасад». Пас тарбияи дурусти фарзанд аз оила сарчашма мегирад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки «мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар он  ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон  бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ  ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд».

Волидонро зарур аст, ки нақшаи  гузаронидани  таътили фарзандонашонро тартиб диҳанд, то фароғати онҳо дар ин давраҳо  таъмин гардад. Нагузоранд, ки   вақти  фарзандонашон бесамар гузарад, зеро бе шуғл  ва бе назорат мондани  онҳо оқибати нек надорад.

Сокини пойтахт Мавлуда Сафарова дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси ҳар оила мебошад. Аз ин рӯ кӯшиш мекунам, ки фарзанди солим ва дар оянда намунавӣ ба воя расонам. Дар таътили баҳории фарзандонам кӯшиш кардам, ки диққати онҳоро ба хондани китоб ҷалб кунам, то вақти худро   сарфи  оворагардӣ нанамоянд. Зеро ин дар оянда сабаби   ба ҳар гуна  амалҳои ношоиста даст задани онҳо метавонад гардад».

Ӯ изҳор дошт, ки имрӯзҳо фарзандонаш барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинанд. Ҳамчунин аз ҷониби омӯзгорон номгӯи китобҳо тавсия шудааст, ки баъзе аз онҳоро дастрас намуда, мутолиа менамоянд.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   марказҳои  кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин   дар назди муассисаҳои таълимӣ  маҳфилҳои гуногун фаъолият дошта,  дар мактабҳо дар вақти таътил   дарсҳои иловагӣ ба таври  ройгон ташкил карда шуданд.  Муассисаҳои таълимӣ бо  ин мақсад нақшаи чорабиниҳоро  тасдиқ  намуданд, ки дар онҳо бештар  баргузории  мусобиқаҳои варзишӣ  ва  озмунҳои дохилимактабӣ дар назар дошта шудаанд.

Сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода изҳор дошт, ки аз ҷониби Сараёсати шаҳр  бо мақсади иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон китобҳо пешниҳод карда мешаванд. Аз ин рӯ ба роҳбарони синф супориш дода шудааст, ки баъд аз таътил ҷараёни хониши онҳо назорат карда шавад. Ин яке аз омилҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ мебошад.

Мудири шуъбаи таҳсилот ва кор бо таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Алишер Ширинов иброз дошт, ки Марказ барои хонандагони муассисаҳои таъсилоти миёнаи умумӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, гӯшаи тависяи китобҳое, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба хонандагон пешниҳод гардидаанд ва китобҳое, ки барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба иштирокчиён тавсия дода шудаанд. Ҳамчунин дар ин Марказ байни таълимгирандагон озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронида шуд.

Дар робита ба эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ба Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки аз рӯйи фанҳои зикршуда ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ва қадрдонии ғолибон гузаронанд.

Ин иқдом дар мамлакат ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Зеро дар тӯли таърих халқи тоҷик ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми хос дошта, нобиғаҳои он дар рушди илмҳои дақиқ ҳиссаи бузург гузоштаанд.

Ба андешаи таҳлилгарон, аввалин сарчашмаи таъсирро дар тарбияи фарзанд волидайн мегузоранд. Сипас, дабистону мактабҳо, мураббиву муаллимҳо низ нақши бузург хоҳанд дошт. Вале танҳо масъулиятро ба сари падару модар ва мактабу донишгоҳ  бор намудан мумкин нест, зеро омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки таъсири беруна ва истифодаи бемавриди интернет мебошад. Агар насли наврас босавод ва хештаншиносу ватандӯст бошад, он ҳеҷ гоҳ гумроҳ ва беҳудагард намешавад. Пас, барои ояндаи дурахшони фарзандон ва ободии Тоҷикистон набояд бетараф бошем.

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»