Хабарҳо

Ҷавонон зиддӣ террор!

Ҷавонон зиддӣ террор!

Дар тамоми љањон вазъи марбут ба аъмоли террористӣ муташанниҷ боқӣ мемонад. Ҳоҷат ба баён нест, ки амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ гашта, он торафт беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Дар замони муосир гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб мехоҳанд дар кишварҳои гуногун реша давонда, мафкураи аъзои ҷомеа, бахусус ҷавононро заҳролуд ва ба сафи худ шомил намоянд. Танҳо бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бурдани донишу малака мо метавонем паҳншавии чунин гурӯҳҳои ифротгароро пешгирӣ намоем. Зеро, яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо надоштани донишу малакаи кофӣ ва ноогоҳии онон аст.

Кишвари мо бо пойдор будани сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва пешрафти пайвастаи тамоми соҳаҳо дар арсаи ҷаҳон соҳиби нуфуз гаштааст, ки самараи роҳи дурусти пешгирифтаи давлати мо, азму иродаи қавии мардуми тоҷик аст. Мо, сокинони ин сарзамини биҳиштосо бояд ба қадри ин соҳибистиқлолӣ расем, шукронаи тинҷиву осоиштагӣ намоем, зеро дар ҷаҳони муосир дар чандин давлатҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дорад ва мардуми он кишварҳо дар сарсониву саргардонӣ умр ба сар мебаранд.

Зумрае аз афроди ифротгаро, яъне аъзои ТТЭ ҲНИ, ки бар Ватани хеш хиёнат кардаанд, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали зишт даст намекашанд. Ин ифротгароён паси хоҷаҳои хориҷиашон паноҳ бурда, санги маломат ба сӯи кишвари худ меафкананд, иғвоангезӣ мекунанд. Аммо ин тоифа бояд донанд, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад ва мардуми тоҷик кайҳост, ки аз аҳдофи онҳо огоҳанду ба онон эътимод надоранд. Мо, шаҳрвандони кишвар бояд даст ба дасти ҳамдигар дода, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз намоем. Пеши роҳи ҳамагуна амалҳои ифротгароёнаро гирифта, баҳри солимии тафаккури ҷомеа, алалхусус ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳем, ба онон ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористӣ – экстремистиро фаҳмонем, то ки дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ хато накунанд.

Террористон бошанд, гурӯҳҳои ҷиноятпешае ҳастанд, ки давлатҳои абарқудрат онҳоро бо яроқу аслиҳа таъмин ва маблағгузорӣ намуда, барои амалигардонии амалҳои нопоки хеш истифода мебаранд. Дар назари аввал чунин ба назар мерасад, ки вазъият дар ҷаҳон ором аст, аммо муноқишаҳои мазҳабиву миллӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад.

С.Давлатова – котиби матбуотии раиси ноҳия