Хабарҳо

Зарари маводҳои нашъамандӣ ба ҷомеа

Зарари маводҳои нашъамандӣ ба ҷомеа

Ҳафтаи сипаригашта, тибқи нақшаи корӣ намояндаи Маркази вилоятии наркологӣ Мусамиров Ҳайдаралӣ ҷиҳати корҳои оммафаҳмонӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар якҷоягӣ бо ҳуҷраи наркологии назди маркази саломатии ноҳия, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ташкилоту муассисаҳо аз ҷумла, бахши ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, раисони маҳаллаҳо, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, марказҳои тандурустӣ оид ба бемориҳои нашъамандию майзадагӣ, зарарҳои маводҳои тамоку ва оқибатҳои фалокатборӣ он тибқи барномаҳои зикршуда сӯхбату вохуриҳо доир намуд, ки дар рафти ин вохӯриҳо ба иштирокчиён саволу ҷавоб пешниҳод гардида, онҳо андешаҳои ҳар як иштирокчиро перомуни оқибатҳои фалокатбори ин амали номатлуб шуниданд. Бояд хотиррасон намуд, ки даст задани шахс ба нашъамандӣ, майзадагӣ, маводҳои заҳролуди тамоку ва амсоли ин аз иродаи сусти он шаҳодат дода, билохир шахсро ба нобудию расвоӣ оварда мерасонад. Дар самти пешгирӣ аз ҳолатҳои нашъамандию майзадагӣ ҳуҷраи наркологии назди Маркази саломатии ноҳия корро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои масъул дар семоҳи аввали соли равон санҷишҳо ва корҳои оммафаҳмониро миёни шаҳрвандон ва маҳал ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда, кӯшиш бар он доранд, ки ба ҳолатҳои нашъамандию майзадагӣ, истеъмоли машруботҳои алкоголӣ ва зуроварӣ дар оила пешгирӣ намоянд. Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ тибқи гузориши мутахассиси ҳуҷраи наркологии ноҳия С. Каримов дар якҷоягӣ бо сайъу кӯшиши шабонарӯзии кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия санҷишҳои ҳолати мастӣ гузаронида шуда, нисбати шахсони истеъмолкунандаи машруботи спиртӣ ҳангоми ронандагӣ ва ё вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ин лиҳоз аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз истеъмоли машруботи спиртӣ канораҷӯӣ намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд ва бо масъулияти бештари шаҳрвандӣ дар тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд,- гуфта шуд дар рафти суҳбат.

Яке аз ҳолатҳои ногувор ва истифодаи маводҳои алкоголӣ ин зуроварӣ дар оила мебошад, ки мутаассифона ин амал ҳолатҳои нигаронкунандаро ба миён овардааст ва шикояти хонаводагӣ низ дар ин бобат дида мешавад.

Пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб кори дастаҷамъона буда, вобасташавӣ ба бемориҳои нашъамандӣ, майзадагӣ ва амсоли ин ба он оварда мерасонад, ки шахс барои истеъмоли ин гуна маводҳо ҳама дороӣ ва саломатиашро аз даст медиҳад, аз чашми ёру дӯстон дӯр меафтад, иззату эҳтироми худро дар назди ҳамсару фарзандон ва аҳлу байт аз даст дода, билохир ба шармандагию расвоӣ гирифтор мегардад. Ба зами ин ҳама таъсирҳои шахсӣ ба ояндаи хонаводагӣ аз ҷумла фарзандон таъсири манфӣ мерасонад. Вале мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки барои ислоҳи худ ва дурӣ ҷӯстан аз ин амалҳои нопок баръакс фарзандони худро барои харидорӣ ба мағозаву бозорҳо мефиристанд, ки кӯдак дар айёми хурдсолӣ майлу рағбат ва ҳиссӣ кунҷковӣ нисбати ҳама чиз бештар дорад. Аз ин рӯ шояд ҳисси кунҷковии он даст диҳаду рӯзе аз рӯзҳо ин кирдорҳои анҷомдодаи волидайни худро анҷом диҳад. Пас ин таъсири кирдори ношоям бар он оварда мерасонад, ки фардо фарзанд ҳам бузург шуд ин амалро иҷро хоҳад кард. Ин яъне носолим, бадкирдор ба воя расонидани фарзанд дар ҷомеа аст.

Аз ин рӯ аз ҳамаи шаҳрвандон, хоҳиш карда мешавад, ки ба саломатии худ ва оилаву фарзандон диққати махсус дода, буҷҷаи худ ва ҳаёти ҳамсару фарзандони худро зери хатар нагузошта, кӯшиш намоем, ки ҳаёти солим, ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшону солим дошта бошем.

Ализода Муҳсин Алӣ.