ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Сардори шуъбаи Прокуратураи пойтахт бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш фавтид
ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сардори шуъбаи назорати милитсияи Прокуратураи шаҳри Душанбе Ҷалолиддин Абдуҷабборзода бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар ӯ ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Номбурда 15 апрел сараввал дар Беморхонаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе бистарӣ гардида, 16 апрел бо сабаби вазнин шудани вазъи саломатияш ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии Душанбе интиқол дода шуд. Дар беморхонаи мазкур ба Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми А ва фарбеҳии дараҷаи 3 гузошта шуд.
«Мутаассифона, кӯшишу талоши табибон бо назардошти истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва дигар чораҳои иловагӣ натиҷа надода, номбурда нимаи аввали 19 апрел фавтид. Бояд гуфт, ки дар дараҷаи аввал аз Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси коронавирус гирифта шуд, вале натиҷаи он манфӣ баромад»,- илова намуданд дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Гуфта мешавад, ки ба хотири чораҳои эҳтиётӣ айни замон тамоми пайвандони марҳум Абдуҷабборзода бо карантин фаро гирифта шудаанд.
Қаблан муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед вобаста ба хабару овозаҳои бардурӯғе, ки вақтҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасанд, зимни як нишаст иттилоъ дод, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, балки ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид.
“Аз ин рӯ,- гуфт мавсуф, — дар ин рӯзҳо гирифторшавии якбора ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмания) зиёд ба мушоҳида расид. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд ҳангома сохт”.
Бояд зикр намуд, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи интиқол ва паҳншавии ин вирусро дар мамлакат пайваста тақвият бахшида мебахшанд.
Хотиррасон мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус телефони бовариро бо рақами 511 фаъол намудааст. Ин рақам ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад. Вазорат аз сокинони мамлакат хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати мушоҳидаи нишонаҳои вируси нав ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.