Хабарҳо

Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист

  Даме, ки ман Ватан гӯям, ба васфи он сухан гӯям,

Диёре дар назар дорам, ки бо он шоду озодам.

Бале, ҳар даме, ки мо Ватан мегӯем ва бар васфи он сухан меронем, пеши назарамон диёри сарсабзу хурраму обод ҷилвагар мешавад. Ва ин диёри арҷманд – Тоҷикистон ном дорад!

Барои ободиву оромӣ, ҳифзу нигаҳбони он сарбозони Ватан, ҳомиёни марзу буми кишвар ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд.

Хидмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад. Аммо хидмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад, зеро на ҳар кас сарбоз шуда метавонад. Ба сарбоз 3 чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан; Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва дар ҷаҳон сулҳро пойдор намудан.

Мусаллам аст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобаста аст.     З-ин рӯ вазифаи ҳар як сарбоз посбонӣ намудани марзи кишвари худ мебошад.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарону аскарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штати худ машғул шуданд. Таҳкурсии моддии техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо эҳсос мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо, ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.

Ана ҳамин ғурур ҷавонмарди боис гардидааст, ки ҷавонони ноҳияи зебоманзари Ховалинг дар рӯзи аввали даъват нақшаи даъвати ҳарбиро ба анҷом расониданд, зеро имрӯз ҷавонони шуҷоъу ватандусти мо хуб дарк кардаанд, ки хизмат намудан дар армия ин шарафу номус ва қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷику Тоҷикистони мебошад.

С.Давлатова