Бо ин усул дар ноҳия ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва бароҳ мондани кишти баҳорӣ ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳо доир мешаванд.
Имрӯзҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус пурзӯр мегарданд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амри раиси ноҳия ҳамарӯза тозаю безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо воситаҳои муҳими муҳофизатӣ ва дигар корҳои тамизкорӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия тақвият бахшида шуда, ҳамчунин бо мақсади расонидани тавсияҳои мутахассисон баҳри муҳофизат аз ин беморӣ масъулин бо аҳолии ноҳия бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Дар вохӯрии мазкур аъзоёни гурӯҳи корӣ аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар ин давраи ҳассосу ташвишовар, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон одамон аз вируси COVID -19 азият мекашанд ва он сабаби марги ҳазорон нафар гардидааст, бояд масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намуда, беҳдошти манзилу кӯчаи хешро таъмин созанд ва ба хотири нигоҳ доштани саломатии худ ва пайвандон сокинон бояд аз оростани маъракаҳои калон, аз одатҳое, ба мисли ба оғӯш гирифтану бӯсобусӣ кардан ҳангоми вохӯрӣ бо хешу табор, ки ба андешаи мутахассисон яке аз роҳҳои паҳншавии ин беморӣ маҳсуб шудааст, ҳамчунин бе зарурат рафтан ба ҷое худдорӣ намоянд.