Дар таърих рӯйдодҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки дар ҳолатҳои ҳассос ҳатто мухолифини давлат дар канори ҳам меоянд ва алайҳи душман муқовимат мекунанд. Аммо дар саҳифаҳои торики таърихи муосири тоҷик ба ном мухолифоне (ҳизби экстремистию террористии наҳзати исломӣ ва доираҳои ба он наздик дар назар аст) сабт хоҳанд шуд, ки дар вазъияти мушкили равонию беҳдоштӣ, ки халқи тоҷикро нигарон кардааст, канори давлату миллат наистода, баръакс, шӯру ҳангома меандозанд ва аз ин кори хеш лаззат ҳам мебаранд. Чи тавре ки муаллифони мақолаи “Тоҷик ва тоҷикият…” қайд намуданд: “Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронӣ ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд. Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суистифода кардан мехоҳанд”. Инак, вақт ва фурсати муносиб даст дод, ки ба иддаи ватанфурӯш ва беномус (манзур саркардаи наҳзатӣ М. Кабирӣ-Кобра, пешгоми ҳаракати хурофотзадагии наҳзатӣ Муҳаммадиқболи беиқбол ва журналист-хидматгори наҳзатӣ -Мирзои Салимпури “ноздонаи ҷонона”) дар шакли хаттӣ муроҷиат намоем. Шумо, ки солҳост дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ матолиби иғвогарона интишор мекунед, марзи номуси миллӣ ва тоҷикиро убур карда, ҳар чӣ аз ғаразу кина, хашму кина ва нафрату бадбинӣ дар дил доред, бебаркаш бурун мерезед. Агар дигар миллату халқиятҳои минтақа ва ҷаҳон имрӯз дар фикри муттаҳид шудан ва рафъ намудани мушкилоту масъалаҳои ҷиддӣ бошанд, шумо тоифаи беномус матолиби пурғараз ва пуриддао, ки бар зарари давлату миллатанд, тавлид ва пахшу нашр мекунед. Албатта, матолиби пуриддао ва пурғарази шумо беҷавоб намондаю намемонанд ва нафароне баномус ёфт мешаванд, ки барои ҳар як таҳқиру тавҳини шумо наҳзатиёни фирорӣ ва наҳзатмаобони бурунмарзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сатҳи расонаӣ посухи сазовор бидиҳанд.
Наҳзатиёни ватанфурӯш ва беномус! Шумо ва доираҳои наздикатон имрӯз дар ниқоби рӯзноманигор ҷилва намуда, гуё барои Тоҷикистон ахбори наву тоза мунташир мекунед ва зимни ироаи гузоришу матолибу мусоҳибаҳо ҳатман ҷониби давлати Тоҷикистон санги маломат мезанед. “Журналистон”-и шумо Амруллоҳи Низом, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темури Варқӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Мирзои Салимпур алайҳи давлати Тоҷикистон муборизаи ноҷавонмардона ва ҳақирона мебаранд. Кор то ба ҳадде расидааст, ки аз тариқи барномаҳои махсуси видеоӣ саркардаи наҳзатӣ М. Кабирӣ ва ба ном журналисти хурофотӣ М. Садриддин мардумро ба қиём алайҳи давлат даъват мекунанд. Ин шеваи муборизаи шумо, наҳзатиён маънои онро дорад, ки аз ақл бегона шуда, сабру тоқатро аз даст дода, мехоҳед дар шууру зеҳни миллат ва халқи тоҷик таъсири манфӣ гузоред. Аммо, тавре ки мушоҳида мекунем, мардум ин навъ иғвогариҳоро зиёд дидааст ва таҷрибаи фитнаи наҳзатиро ҳанӯз ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хеле хуб андӯхтааст.
Наҳзатиён ва наҳзатмаобон! Ба таваҷҷуҳатон мерасонем, ки чи дар гузашта ва чи имрӯз созмони наҳзатӣ ба сифати унсури бегона ва тарҳи хориҷӣ дар хидмати аҷнабиён қарор дошту дорад, вале барои пардапӯш кардани найрангу фитнаҳои худ аз мафҳум ва истилоҳоте мисли демократия, озодӣ, мардумсолорӣ, гуманизм, қонунмандӣ суъистифода ва дар саҳнаҳои сиёсии аврупоӣ ҷавлон мекунад. Хуб, то ба кай ин ҷавлонкуниҳо? Хоҳу нохоҳ аврупоиён ва ҷомеаи мадании аврупоӣ ҳам рӯзе наҳзат ва ходимони наҳзатиро, ки дар ниқоби “журналист”, “таҳлилгар”, “коршинос”, “фаъоли иҷтимоӣ”, “сиёсатшинос”, “ҷомеашинос”, “файласуф”, “донишманд”, “равшанфикр”, “иқтисоддон” (Кабирӣ, Темур Варқӣ, Салими Аюбзод, Мирзои Салимпур, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли инҳо) дар фазои маҷозӣ ҳузур пайдо кардаанд, мешиносад ва он гоҳ парда аз рӯйи иғвою найранги наҳзат абадан бардошта хоҳад шуд. Мутмаинан, муздур будан ва дар хидмати бегонагон қарор доштани шумо – тоифаи наҳзатӣ ба ҳама хурду бузурги миллат маълум гардида, парда аз найрангу фитнаҳоятон бардошта шудааст. Лофу газоф дигар маънӣ надорад.
Наҳзатиёни фирорӣ ва фурсатталаб! Ба ёдатон меоварем, ки дар кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Аврупо, Осиё ва Амрико намояндагони миллатеро (немис, поляк, венгр, хитоӣ, арабу аҷамӣ) пайдо кардан душвор аст, ки мисли шумо дар масири ҳувиятбохтагию худситезӣ гом бардошта бошанд. Агар намояндагони милалу халқиятҳои пешрафтаи ҷаҳон дар фикри ба ҳам омадан ва муттафиқ шудан бошанд, шумо дар пайи шӯру нифоқ андохтан ва аз ин тариқ ноором ва бесубот кардани Ватан “иқдом” мекунед. Ҳарчанд ки аниқ медонед, ки дурӯғу риё ва фитнаю дасиса ба ҷое намебаранд ва миллатро ба мусибату бадбахтӣ мувоҷеҳ месозанд, алайҳи баҳамойӣ ва ҳувиятсозии миллӣ қад алам мекунед. Чун вазифа ва “рисолататон” муздурӣ аст, бар зидди давлати миллӣ мешӯред ва дигаронро ҳам ба ин ҷараёни тавтеазо ва хатарбор даъват мекунед.
Агар аз таърихи миллию ватанӣ баҳра бурда бошед, хуб дар ёд доред, ки тайи таърихи тӯлонӣ сулолаҳои зиёди туркию муғулӣ бо шумули Қарахониён, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён (Ҷониён) ва Манғитиён ҳаргиз намехостанд, ки тоҷик давлатдор бошад ва ҷиҳати маҳор кардани қудрату неруи давлатмадории ин миллати ҷафокаш аз тамоми имконот истифода карданд. Тоҷик, бо он ки дар тобеияти сулолаҳои туркию муғулӣ ва аҷнабӣ буд, ҳувияти худро нигоҳ дошт ва алайҳи бедодгарону истилогарони берунӣ қад алам намуд. Наҳзатиёни худбохта ва беҳувият на танҳо аз шанси таърихии давлатсозии миллӣ истифода намебаред, балки барои садама задан ба ҳувияти сиёсӣ ва истиқлолияти давлатӣ ҷаҳду талош меварзед. Бо ин тарзи бинишу куниш шумо ҷараёни ҳувиятсозии миллӣ ва давлатдории дунявиро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳед. Ин аст, ки шумо аз истилогарону ҳукуматдорони аҷнабӣ, ки ҳазорсолаҳо тоҷикро зулму истисмор кардаанд, бадтар ва хеле хатарноктар ҳастед. Интиқоди шуморо дар робита бо филми мустанади “Хиёнат” мурур ва мутолиа карда, хашмамон афзуд. Тоифаи наҳзатӣ қасдану иштибоҳан, бар ин назар аст, ки филми мазкурро КДАМ таҳия кардааст. Гӯиё ғараз аз таҳия ва пахши он бадном кардани созмони наҳзати исломӣ мебошад. Ҳоло он ки филми “Хиёнат”-ро на мақомоти амниятӣ, балки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таҳия кардааст. Бинобар ин, филми мазкур истеҳсоли “Тоҷикфилм” ва маҳсули меҳнати эҷодкорони асили ин ниҳоди фарҳангии кишвар мебошад. Гузашта аз ин, наход, воқеиёте, ки дар филми мазкур аз забони шоҳидони ҳол (аз ҷумла, наҳзатиёни пешин Айёмиддин Сатторов ва марҳум Сайид Қиёмиддини Ғозӣ) инъикос гардид, қонеъкунанда набошад. Албатта, барои тоифаи наҳзатӣ ин навъ филмҳо қонеъкунанда нест, чаро ки ҳувияти аслии наҳзат ва доираҳои ба он наздикро ифшо месозад. Ба ин маъно, филми мустанади “Хиёнат”-ро, бемуҳобо, метавон ба унвони “Нидои миллат”, санади таърихӣ ва олӣ муаррифӣ кард. Саркардаи наҳзатӣ М. Кабирӣ – Кобра, пешгоми ҳаракати хурофотзадагии наҳзатӣ Муҳаммадиқболи беиқбол ва хидматгори наҳзатӣ Мирзои Салимпури “ноздонаи ҷонона”! Хитобан ба шумо таъкид менамоем, ки дар хотир доред, шумо ҳеҷ гоҳ ба аҳдофи нопоки худ нахоҳед расид ва камари ин миллати баномусро нахоҳед шикаст, чаро ки тоҷики номусмадор дар шароити бархӯрдҳои шадиди сиёсию тамаддунӣ ва раванди миллатсозию давлатдории миллӣ канори давлат қарор мегирад ва фиребу гули як мушт беҳувиятро нахоҳад хӯрд.
Аз ном аҳли зиё ва равшанфикрон:
Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ , номзади илмҳои филологӣ,
Ардамеҳр Ашӯров, ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ,
Парвиз Баҳриддинзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ,
Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ,
Хайрулло Раҷабов, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ.