Хабарҳо

Бадбахтии саросарии олам коронавирус COVID-19 ва пастинатии инсонҳои номатлуб.

Бузургтарин  қудртаҳои ҷаҳони наметавонанд аз он раҳои ёбаед. Оне, ки даъвои кадхудоии дунё  дошт ИМА оне, ки 300-сол Ҳиндустони бузургро зери чанголи оҳанин гирифта буд Британияи Кабир кишваре, ки қитъаи Амрикоро кушода буд Испания ва шаҳрвандони дигар мамлакатҳои бою сараватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар чони худро бар асари ин сироят бохтанд. Ин рӯйхатро метавон идома дод, аммо ҳоҷат нест. Мардумони олам фоҷиаи  инсониятро эҳсос мекунанд. Мефаҳманд, ки агар бо кӯмакҳои модди натавонандҳам  ақалан ҳамдарди изҳор менамоянд. Ҳама медонистанд ва медонан, ки ин фоҷиаи умумибашари наметавонист, ки  кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахти дари хонаҳои тоҷикро низ куфт. Хабари фоҷиаовар ба гӯш мерасад, одамон дар беморхонаҳо дар хонаҳои худашон бо кӯмаки духтурон табобат мегиранд. Шукр аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки аз нафту газу дигар сарватҳои табиии маъмули дар  канор аст бо тамоми кушиш талош мекунад. Барои наҷоти ҳаёти сокинонаш мубориза мебарад. Пизишкон, духтурони оддӣ ҷон дар хатар монда 24-соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд, инро барои худ қаҳрамони намешуморанд. Ҳисоб мекунан, ки чунин муносибат барояшон як  чизи оддӣ аст, нанг аст номус аст ва ватандорӣ аст. Чунин ҷанг муборизаҳам акнун маънавиёти инсони тоҷикиятро нишон медиҳад. Дар рӯзи мурда на ҳама барои солори меояд, баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ, заҳрханда, бо изҳори тассалиёт мехоҳанд бори дигар соҳиби матитро бикушанд. Инҳо аз пастарин инсонҳои дунё ҳастанд. Ба хотири иҷрои дастури хоҷагони хориҷашон дастони касифи худро сӯи компютер бурда ниҳоят бесаводона бо лаҳҷаву ифодаву калимотҳои бегона дар бораи мусибати мардуми тоҷик махсшуи кардани мешаванд. Албатта ин бе сабаб нест, барои пулу мол шуда на танҳо ҳаёти худашон, балки мардуми бечораву бегуноҳро зери хатар мегузоранд. Зиёде аз одамони пасту бенангу номус ҳастанд, ки ба гӯш расидан ва ё зери лаб гирифтани номашон шарми кас меояд. Худро зери фармони хоҷагони хориҷиашон карор дода барои пулу моли ҳаром ва мансаби нафратовар омодаанд, тамоми корҳои пастро иҷро намоянд. Аз ин гуна одамони паст ҳазар бояд кард.

Котиби матбуотӣ:                                            Раҳматуллоева М.