Хабарҳо

Ҳукумат тамоми қудрату тавонмандии худро барои рафъи мушкилоти ба миёномада эълон кард, то ки мардум кулли ин душвориҳоро ба осони паси сар намояд.

Пеш аз ҳама иқдоми ниҳодҳои давлати тавонистан бӯҳрони сироятии бемориро ба таври касби идора карда мардумро ором ва ҷомеаро ба сӯи ободкорӣ раҳнамун созад. Аз он рӯзе, ки ҳодисаи бемории сирояти расман ба қаламрави ҷумҳури эълон гардид, ҳукумат тамоми қудрату тавонмандии худро барои рафъи мушкилоти ба миён омада эълон карда ба тамоми ҷаҳон нишон дод, ки  ягонагӣ, вақдат ва сарҷамъи давлат ва мардум кулли душвориҳоро паси сар хоҳад кард. Дар тули ду ҳафта дар ҳудуди майдони варзишии “Бофанда”-и пойтахт беморхонаи муввақати бо хонаҳои сайёр барои 300-нафар ва дар маҷмаи варзишии “Маниж” барои 250-нафар бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ ба истифода дода шуд. Барои табобат иловатан 3500 ҷой муҳайё карда шуд. Новобаста аз шароити мушкили иқтисодӣ, ки бемории ҳамагили сирояти ба бор овард  ҳукумат захираҳои ҷамъкардаи худро ба мардуми тамоми ноҳияҳо пеш аз ҳама ба мардуми ноҳияи Хуросон,ки дар асари сел зарар дида буданд, равон  намуд. Ба деҳаҳои селзадаи ин ноҳия дар ҳаҷми 57- тонна  маҳсулоти хӯрока (орд, равған, шакар) масолеҳи сохтмонӣ  (семент, чӯб) ва ҳамзамон хаймаҳои сайёр фиристода шуд. Дар шароити барои кишвар мушкил барои ҳифзи сиҳатии сокинони кишвар як қатор хобгоҳҳои донишгоҳҳои кишвар ба беморхонаи муваққати табдил дода шуд, ки яке аз ин биноҳо хобгоҳи Донишгои Миллӣ мебошад, ки аз 12 ошиёна ва таҳхона иборат буда дар он 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сирояти ҷой дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5284 кат ва беш аз 5390-нафар табиб ва кормандони  соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус COVID-19 хизмат мерасонанд. Тибқи маълумоти Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 85 беморхонаи ҷумҳури зиёда аз 7500 табиб ба 28ҳазор кормандони миёнаи тиб сафарбар шуданд. Ба ғайр аз ин дар муассисаи  кӯмаки авалияю санитарии ҷумҳури 7600 табиб ва зиёда аз 24ҳазор  корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгири ва расонидани кӯмаки авалия ба  мардум хизмат  мерасонад.  Айни ҳол дар кишвар барои таъмини беморхонаҳо бо дорувории тиббӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза ба бемории мазкур зиёда аз 45млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо карда шудааст.

Бахши кор бо занон ва оила

Муҳайёи Саидзода