Палидону хоинон дар ҳолатҳои душвории миллату ватан низ дар хизмати хоҷагони худ қарор дошта ба сӯи давлату ҳамватани хеш чун на ҷавонмардона санг мезананд. Ин ашхосон кистанд ва чи мехоҳанд? Ташкилоти терористӣ экстремистии собиқ ҲНИ аз реша ба асл дар таги тероризму экстремизм ҷӯшида то лаҳзаи марг фаъолияташ бо мақсадҳои нопоки худ ноил нагардид. Ин ташкилот солёни дароз ба омода кардани ашхоси хурофотзада ва тарбияи ғуломони фанатизму ифротгароӣ машғуланд. Ин амалҳои нопокашон ҳоло ҳам идома доранд. Саркардагони ин ҳизби терористӣ як дафъа тавонистанд, ки миллату давлати тоҷиконро то сарҳади вартаи нестӣ кашанд, вале ба туфайли ҷонисори фарзандони содиқу вафодораш наҷот ёфт. Бар замми ин инак фарзандони раҳгумзадаю қотилашро бахшид ва имкони наве барои ислоҳашон дод, аммо падарони маънавии ин ташкилоти терористӣ экстремистӣ аз ниятҳои душманонаи худ муқобили давлати ҷавони Тоҷикистон даст накашиданд. Ташкилотҳои терористӣ экстремистии собиқ ҲНИ бахусус аз Кабирӣ шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла ҷиноятҳои Кабирӣ ин додани маблағи дар ҳаҷми 1млн 200ҳазор доллари ИМА ба Ҳоҷи Ҳалим дар соли 2015 барои анҷоми табадулоти давлати дар Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин ҷинояти сангин дар ин филми Ҳуҷҷатӣ нафароне равшани меандозанд, ки замони фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи Кабирӣ шуданд ва дар охир маҳбасӣ гардиданд. Ҳеч гуноҳе бе подош намемонад. Аз ин рӯ мо чи гуна амалҳоеро кардани мешавем сараввал хуб андеша намуда оқибаташро ҳам фикр бояд кард. Аз ин гуна рафторҳои пасту касиф нафрати кас меояд ва ба ин гуна шахсон лаънат мехонанд.
Сайфуллоев Сунатулло – мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг.