Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон оид ба фаъолияти бархе аз ҷавонмардони Ватан ба хубӣ огоҳӣ пайдо намуда, ба ин қабил фарзандони нохалаф изҳори нафрати худро баён намуда истодаанд. Пайваста ҷараён гирифтани андешаронии аҳли ҷомеаи кишвар дар телевизиону радиоҳои маҳаллӣ оид ба фаъолияти ин нохалафон ва сурат гирифтани маҳкумкунии ҳамаҷонибаи кирдору рафтори ин гурӯҳҳо самараи хуберо ба миён оварда истодааст. Инчунин дар ин маврид баргузории суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсу ҳамоиши гуногун дар ташкилоту муассисаҳо бо ҷалби васеи аҳли ҷомеаи кишвар, махсусан ҷавонон дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуни фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъншуда, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ хеле ба маврид ба роҳ монда шудааст. Маҳз самараи ин чорабиниву тадбирҳои андешидашуда ва мавқеъгирии мардуми шарифи Тоҷикистон боиси ошкор гардидани симои манфури хоинони миллат ва раванди сарпарастии хоҷагони хориҷии онҳо дар сар задани низоъҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози ҳамагуна бесарусомониҳо ба ҳисоб меравад. Хоинони миллати тоҷик ҳамарӯза бо нашр гардидани вокунишҳо ва ифшокунии аҳволи ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ, пайравони онҳо, дар назди ҷомеа бори дигар шарманда шуда, ин ошкоршавии аҳволашонро тӯҳматҳои беасос алайҳи наҳзат мешуморанд. Таҳлили воқеаҳои охири Тоҷикистон нишон медиҳад. Ки дар ҳақиқат нерӯҳои харобкорон ва аъзову ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ дар ноором сохтани фазои сиёсии Тоҷикистон даст дошта, аз номи дини мубини Ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд. Ҳамин ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ буд, ки бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва А. Назарзода мехост дар мамлакати мо боз куштору хунрезиҳо монанди солҳои гузашта амалӣ кунад. Роҳбари ин ҳизби мамнуъгашта Муҳиддин Кабирӣ дар олами ваҳдати инсонӣ тухми низоъ андохта, таълимоти муқаддаси исломро поймол менамояд. Истифода аз таълимоти ислом барои ӯ манфиатҳои ғаразнок ва мазмуну моҳияти бунёдгароӣ мебошад. Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ тули замони мавҷудияти хеш чӣ аз назари ақидавӣ ва чӣ аз назари амалӣ аз усулҳои “Ихвон-ул-муслимин” (ҳаракате, ки фаъолияти террористию экстремистӣ дорад) ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми ақидавии ҲНИ аз рӯи усули “қадам ба қадам” аст. Ором-ором ба мағзи гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят ва кӯшиш намудан, ки то андозае гурӯҳҳои муайяни коршиносону рӯзноманигорон ва адибону олимонро ба самти худ майл намуда, онҳоро фирефтаи худ гардонанд. Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ва дигар рӯҳониёни муттаасиб аз бовару эътиқоди мардум суистифода карда, бо зурӣ ҳокимиятро ғасб намоянд ва манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро татбиқ кунанд. Бояд зикр намоям, ки мардуми тоҷик чунин суистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу ҷойхоҳ дину миллати худро ба гарав гузоранд. Албатта хиёнат ба Ватан дар назди халқ ҳеҷ бахшиданӣ нест. Умед ҳаст, ки ҷавонони мо аз фирефта шудан ба ин гуна ҳаракатҳои хусусияти ифротӣ ва террористидошта худро дар ҳазар ва иттиҳоду ҳамбастагиро бартарият дар зиндагӣ монанд.
Сабтҳои охирин
Ҷиҳати пешгири аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешавад!
Дар ноҳияи Ховалинг тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси ситоди ноҳиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва бароҳ мондани кишти баҳорӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки аъзоёни гурӯҳҳои корӣ ҳамарӯза дар деҳоту маҳаллаҳо доир мегардонанд. Имрӯзҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои […]
Тарбияи насли наврас, аз ҷумла ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи мо шаҳрвандон аст
Вокуниш Вақте, ки калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз чунин амалҳои мудҳиш манфиатдор мебошанд. Бояд ҳар яки мо пурра дарк намоем, ки терроризму экстремизм […]
Сатҳи бекорӣ кам мегардад
Сатҳи бекорӣ кам мегардад Санаи 05 феврали соли дар маркази ноҳия аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ховалинг ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани ярмарка бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва дар ҳудуди ноҳия паст намудани сатҳи бекорӣ аст. Дар ярмаркаи мазкур ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия […]