Хабарҳо

Боз як кирдори ғайриқонунӣ ошкор гардид.

Яке аз омилҳои ба равияҳои тундгаро ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудан ва ба ин амалҳо даст задани баъзе аз ашхоси нодону гумроҳ ин дониши кофӣ надоштану куркурона аз бар намудани аҳкоми дини мубини Ислом мебошад. Бояд иброз намуд, ки дини мубини Ислом ҷанбаҳои васеи илмию ахлоқӣ дорад, ки бо омӯхтани се-чорсолаи он наметавон муфтӣ шуд.Вале мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа дида мешавад, ки баъзе аз чунин афрод бо дониши нокофии хеш ва аз бар кардани чанд ояту каломи китоби муқаддаси Қуръон худро муллову суфӣ бо истифода аз эътиқоди динии мардум ба тадриси он мепардозад, ки худ аз мафҳуми аслии он ба тарзи амиқ огоҳ нест ва ҳолат боиси ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро шомил шудани чунин афроди худомӯзу камсавод мегардад ва албатта ба ҷомеа низ таъсири манфии худро хоҳад расонд. Дар кишвари мо 99 фисади аҳолиро мусулмонон ташкил медиҳанд ва Ҳукумати мамлакат  барои таълиму тадриси дини мубини Ислом Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, тамоми имкониятҳоро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи оиди виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” доир ба тадрис ва омӯзиши он дар моддаи 8 чунин омадааст: “Таълими динӣ дар ҳолатҳои пешбини намудаи қонуни мазкур баъди гирифтани иҷозатномаи давлати мубин аст…”  Вале қонуни мазкурро баъзе нафарон надида гирифта, ба хотири дарёфти маблағи ҳангуфт ба тадриси ғайриқонунии шаҳрвандон мепардозанд, ки оқибати хубе надорад. Аз ин рӯ санаи 23-24 июли соли равон бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия амали ғайриқонунӣ фаъолият намудан ва таълими динӣ додани шаҳрванд Саидова Малоҳатмо Мирзоевна, соли таваллудаш 01 сентябри соли 1983, истиқоматкунандаи деҳаи Дараи мухтор, Ҷамоати деҳоти Ҷомбахтро ошкор намуданд. Номбурда бо ин ки маълумоти олии динӣ надорад, хонашин буда, як муддати кӯтоҳ бо ҷалби ноболиғон Султонбии Б, М. Шарифова, С. Шарифхоҷа истиқоматкунандагони деҳаи зикршуда ба омӯзиши хонагии онҳо мепардозад. Валек ин ҳолат дуру дароз давом накарда, баъди пурра муайян гардидани ин амали содиршуда ва баррасии парвандаи шаҳрванд Саидова Малоҳатмо Мирзоевна барои ғайриқонунӣ ба таҳсил фарогирифтани ноболиғон тибқи моддаи 474, банди 1, сархати 3 ва 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ба мақомоти иҷротияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои чораҷӯӣ ирсол карда шуд. Инчунин, нисбати падару модари ноболиғон тибқи моддаи 90-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуд. Ҷойи тазаккур аст, ки ин ҳолат дар зарфи се соли охир маротиби аввал ба қайд гирифта шуда, масъулин бар он талош менамоянд, ки пеши роҳи ҳар гуна қонуншиканиро  сари вақт гиранд ва нисбати шахсони хилофи қонун амалкунанда чораандешӣ намоянд.

Ҷангихон Одинаев мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия