Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона доираҳои муайяне дар минтақа мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заъфии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад.Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад. Ғайр аз ин як қатор созмонҳои амниятӣ, ки тибқи маълумоти мавҷуда дар ҷаҳон имрӯз зиёда аз 100 созмонҳои бузургу хурди террористӣ амал менамоянд, ки пеши роҳи ин тунгароёну террористонро гирифта наметавонанд.Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Мутаассифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.Принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ дарҷ гардидааст. Дар он дунявият ҳамчун низоми давлатдорӣ бо назардошти ба вуҷуд овардани шароиту имконият ба рушди арзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, он тағйирнопазир мебошад. Муҳимтарин ҷанбаи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ба сифати идеологияи расмӣ пазируфта нашудааст. Он ҳамчун арзиши ғайридинӣ принсипи гуногунақидавиро барқарор намуда, имкон медиҳад, ки ҳеҷ кадом ақида ба ҳайси идеологияи давлатӣ ё умумиҳатмӣ пазируфта нашавад, ки ин принсипу шарти асосии ҳамзистии дину давлати дунявӣ мебошад.Барои пешгирии ин падидаи номатлуб ва пок нигоҳ доштани номи исломи асил тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд кушиш ба харҷ диҳанду сади роҳи амалҳои нопоки гуруҳҳои ифротӣ гардида оромии Ватани азизамонро халаодор созанд.Аз ҳама муҳим ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти Ватани азизамон ва бунёдкорӣ бояд ташвиқу тарғиб намоем.
Бахши кор бо занон ва оила
Мирзоева Д.