Хабарҳо

Минбари муҳоҷирон.

Ҳақ бар алайҳи ботиле ва миллат бар алайҳи золиме ва диктатуре пирӯз нагардад. Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ҳамеша мекушад, ки  бар алайҳи ҳақ мубориза барад.

Мардуми тоҷик, ки дар кишварҳои муштарак-ул-манофеъ, ИВС-ҳо қарор доранд ва дар боздоштгоҳҳои муваққатие, ки мунтазири истиқдод ба Тоҷикистон ҳастанд, ҳамаи онҳо медонанд, ки барои як масъалаи ночизе мехоҳанд онҳоро истиқдод намоянд. Муҳоҷироне, ки дар Руссия қарор доранд вазъияташон вазнин буда ҷасадҳое, ки дар моргҳо ва ё хонаҳое, ки дар Руссия ва дигар вилоятҳо қарор доранд ва Ҳукумати Точикистон  тамоман дар фикри онҳо нестанд.

Ин суханҳо дар расонаҳои  интернети бо номҳои гуногун аз ҷумла “Пойгоҳи Ислоҳ”, мебошад, ки тариқи ин сайтҳои интернетӣ бо ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ пахш мегардад. Гуфтаҳои бардурӯғи ин афродони палид  воқеият надоранд. Дар курси нишастану муҳокима ва  паст задани як миллат осон аст, аммо барои як давлатро орому осоишта, нигоҳ доштану бунёд кардан заҳматҳои зиёду пурмашаққатро талаб мекунад. Хушбахтона бо шарофати Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистони мо ҳамчун як давлати соҳибистиқлол, орому осоишта ба ҳисоб рафта дар вартаи ҷаҳонӣ ном баровардааст. Миллати тоҷик аз доштани чунин Сарвари ғамхору одил ва бунёдкор ифтихор дорем. Мо ҷавонони даврони истиқлол мекушем, ки ватани азизамон Тоҷикистонро ҳамеша орому тинҷ нигоҳ дорем ва инчуни мо новобаста аз мушкилиҳое, ки вуҷуд доранд сарвари азизи хешро  пайрави мекунем. Мо пайрави пешвои азизи худ ҳастем. Мо набояд ба фирефтаю найранги ашхосони номатлуб шавем ва ба гуфтаҳои онҳо гӯш андозем, зеро онҳо моро на ба манфиатҳои нек балки ба корҳои баду зишти хеш рӯҳандози менамоянд. Ҳар як фард бояд аввал андеша намоянд, баъдан амал кунанд.

Бахши кор бо занон ва оила

Мирзоева Д.