Хабарҳо

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ

21- август  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгтрии бахши хусуси таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгири карда барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамояд. Соҳибкорони бо нангу номуси ВМКБ сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгири намуда дар корҳои ободони ва сохтмони иншооти таиноти гуногун саҳми худро мегузоранд. Пас аз ифтитоҳ кардани бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рошқалъа ва Шуғнони ВМКБ мулоқот ва суҳбати самими анҷом доданд. Пешвои миллат ба бештар аз 100- нафар ятими кул, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд туҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки ин иқдом нишонаи олии ғамхории Сарвари давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад. Маъюбо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои падаронаашон аз самими қалб минатдори баён намуданд. Аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд. Дар вилоят номгӯи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон сӯҳбат карда ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бахши кор бо занон ва оила

Муҳайёи С.