Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят мо асри 21-умро – асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро – дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуда, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем. Сарвари давлат ба мардуми вилоят барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, барои расидан ба ҳадафҳои созанда баҳри таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ барору комёбӣ орзу карданд. Таъкид шуд, ки барои таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 11 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад. Дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он тайи солҳои 2016-2020 татбиқи 1345 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун ба маблағи умумии беш аз 6,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, дар чор соли сипаришуда 447 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пурра татбиқ гардидааст. Ҳоло дар вилоят 259 лоиҳа ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар ҳудуди вилоят минбаъд низ идома дода мешавад. Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дастуру супоришҳо доданд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ ва хавфҳо дар шароити паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои онҳо ба иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Дар ин раванд, доир ба дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Дар тӯли солҳои 1992 – 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо барои дастгирии буҷети вилоят дар ҳаҷми 1,7 миллиард сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо гардидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст. Танҳо соли 2019-ум 202 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 380 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуда, ҳоло корҳои сохтмону азнавсозӣ дар 506 иншоот ба маблағи беш аз якуним миллиард сомонӣ идома доранд. Президенти мамлакат роҳбарони вилоят, вазорату идораҳои марбута, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карднд, ки иншооти ба нақша гирифташударо босифат бунёд карда, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода супоранд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хом имкониятҳои калон дорад ва истифодаи самараноки чунин имконот масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташкилотчигиро талаб мекунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус, дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла коркарди мармар, мева, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал вусъат бахшанд. Зимни суханронӣ ва таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисодиёти вилоят Сарвари давлат доир ба азму талошҳои давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати пурра бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои вилоят, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмони роҳҳо, пулҳо, бунёду ба истифода додани иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ андешаронӣ карданд. Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва таъмини иҷрои супоришҳо, амру фармонҳои Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. Иҷрои ҳадафҳо дар самти истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои тасдиқшудаи кишти зироатҳои кишоварзӣ, ободонии вилоят ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ аз тадбирҳои минбаъда дар роҳи рушду пешрафти вилоят номида шуд. Имрӯзҳо барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар ҳудуди вилоят сохтмони 613 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 38 фоизи он пурра иҷро ва 145 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Сарвари давлат таъкид карданд, ки суръати иҷрои корҳо то ҳанӯз қонеъкунанда нест ва аз роҳбарону мутасаддиён тақозо мегардад, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда, бо сифати баланд ва бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооти ба нақша гирифташуда чораҳои зарурӣ андешанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуданд, ки дар баробари таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббии вилоят ба муҷаҳҳазгардонӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд. Бо дарназардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои баланду барфпӯш ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳиро ҷиҳати дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ташкил кардани инфрасохтори замонавӣ, назорати ҳолати санитарии онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳо дар ин самт, инчунин, ҷалби аҳолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ корҳои амалӣ вазифадор карданд. Президенти мамлакат зимни таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатии вилоятро вазифадор намуданд, ки робитаро бо аҳолӣ мустаҳкам карда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву шаҳрвандии сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд. Вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марбута вазифадор шуданд, ки иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатӣ” – ро таҳти баррасии ҳамаҷониба ва назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сокинони меҳмоннавоз ва заҳматкашу матиниродаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд. Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун Муборакшо Амонбеков – табиб, Саъдӣ Хушвахтов – Роҳбари ширкати хусусии “Ҷуръат” ва Давлатсултон Раҳматхудоева – собиқадор баромад карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда ҷиҳати рушду пешрафти вилоят, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа, изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар охир аз номи сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози вилоят раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов баромад карда, ба Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри дастгирии ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳ ба рушди ҳаматарафаи ин минтақаи мамлакат изҳори сипос карданд.
Сабтҳои охирин
Таджикистан экспортировал в страны ЕС товары на 34 миллиона долларов
Posted on Author khovaling
Таджикистан и Европейский союз обсудили двустороннее сотрудничество и инвестиционный климат в республике.
Барномаи таҳлилии “Соярушан”
Posted on Author khovaling
Барномаи таҳлилии “Соярушан”, дар бораи терроризму экстремизми динӣ. Дар суҳбат котиби масъули Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Маҳрамбеки Анварзод.
ЗАДАЮ ВОПРОС и ОТВЕЧУ…
Posted on Author khovaling
В течение времени, что нахожусь на пенсии, никогда не брал карандаш в руки и думал, что не понадобится. В свое удовольствие много читал, благо есть интернет, открывай и закачивай книгу, которую хочешь почитать…