Терроризм ва экстремизм душмани башарият ва таъриху миллат дар ҳама давру замон аст ва амалҳову ниятҳои нопоки харобкунандааш барои рушду пешрафти давлату ҳукумат монеа эҷод карда, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад. Ҳодисаи террористие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, ҳисси нафратро бар дили мардуми сайёра нисбат ба ашхоси ба гирдоби ин вабои аср афтода бедор кард: «Дар Сурия кӯдаки сесола дар зери моддаҳои тарканда монд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Кӯдак дар дами марг аз пизишкон бо суханони наҷотталабона муроҷиат кард: «Маро аз марг наҷот диҳед, ман ҳам зиндагӣ кардан мехоҳам», чун илоҷи дардаш пайдо нашуд, кӯдак умедро канда гуфт:- “Дар бораи амалҳои шумо ба Худованд, албатта, хабар хоҳам дод!” Чунин амалҳои нангини террористӣ зиёданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бетараф намегузоранд. Заминаи аслии террористиро дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии баъзе аз ашхосе медонанд, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд.Коршиносони масъалаҳои динӣ бар он назаранд, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастани ҷавононро аз надоштани дониши мукаммали динӣ марбут медонанд. Ҳамзамон, хуб набудани шароити иқтисодиро низ яке аз ин омилҳо медонанд. Баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ мебошад. Мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда, ба ин васила гӯё шариатро риоя мекарда бошанд. Вале дар асл маънии «ҳиҷоб»- парда ва «сатри аврат» – пӯшонидан ё пинҳон кардани аврат мебошад. Яъне пӯшонидани аврат тавассути либос. Ба ҳамаи мо маълум аст, бибию момоҳои мо ҳам «ҳиҷобу сатр» доштанд, ки он комилан миллию суннатӣ ва хоси фарҳангу анъаноти мо буд, на ин ки мисли имрӯза «сатру»-у «ҳиҷоб»-и сиёҳранг. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона доштанд ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест, ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ буда наметавонад ва дар ҳеҷ як давру замон низ дар ватани мо роиҷ набуд.
Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия
Раҳматуллоева М.