Хабарҳо

Дастовардҳои даврони Истиқлолият

Истиқлолият ин рамзи озодӣ,  соҳибдавлатӣ ва ватандории мардуми сарбаланди мутамаддини тоҷик аст. пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ тамоми ҷумҳуриҳое, ки дар ҳайати он арзи вуҷуд доштанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст оварданд. 9-сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҳамчун  давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар байни дигар давлатҳои дунё шинохта шуд. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз бахшид. Миллати мо дар тӯли таърих аз бисёр дастовардҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ дошт. Бо ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намуданд, ки ин каломи пурҳимат асрҳо барои ташаккулли арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон бахусус кишварҳои исломӣ мақому манзалати хос пайдо кардани Тоҷикистон мебошад. Бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини мубини Ислом  ин пок намудани номи дин ва мусалмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист,  ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрӯз дар баромадҳои сарони давлатҳо ва пешоёни дини ислом ин нуқта пайваста садо медиҳад.

Бахши занон ва оила

 Мирзоева Д.