Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои милдлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талъам аст ва дар тули 29 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд. Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта буд. Ҷавони кордону ботадбир, дураандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳад. Ривоят аст, ки Худованд дар як аср танҳо барои як қавм ё қабилаи роҳгумзадае дар рӯи замин дӯсти хеш ё сояи худро мефиристодааст, то он миллати роҳгумзадаро роҳнамоӣ кунад. Чуноне, ки миллати тоҷик даҳ аср пеш пуштибону сарпаноҳ ва ҳомии худро надошт то Худованд ба ин милллат Исмоили Сомониро фиристод, ки аз миллати хеш аз забону фарҳанги ғании ин миллат ҳимоят намояд. Бо ин гузашти айём аҷнабиён чандин маротиба бар ин сарзамин лашкар кашида, марказҳои илмӣ- фарҳангӣ, шаҳрҳои ободу зебои онро ба харобазор табдил доданд. Мехостанд забону фарҳанги ин миллатро аз байн баранд, вале ин миллати ҷасуру далер бо тадбирҳои оқилона аз тарафи шахсиятҳои нотакрори таърихи тавонист, ки садсолаҳо забону фарҳанги миллии хешро ҳимоя намояд. Ва баъд аз чандин аср Худованд бар сари миллати тоҷик боз сояи хешро фиристоданд, то ба ин халқи ҷафодидаву роҳгумзада пушту паноҳ роҳкушову роҳнамо бошад. Замони нангу замони ҷанг буд, замони бераҳмиву қатлу куштор ва замони нобаробариву замони ноиттифоқӣ буд. Замоне буд, ки шуълаи умед барои зиндагии осоишта дар замири тоҷикон кайҳо хомӯш гашта буд, то даме ки дар Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат интихоб гардид. Ин шахсият дар замири халқ шуълаи умедро дубора барафрӯхт ва миллатро дубора зинда гардонд. Нахустин каломашон “Ман ба шумо сулҳ меорам” буд ва ӯ ба ин ваъдаи худ вафо кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар вазъиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсию ҳарбӣ мулоқот намуданд, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд. Ҳамин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат медонем.
Мутахассиси бахши кор бо занон ва оила:
Муҳайёи С.