Дар замони муосир масъалаи ифротгароӣ яке аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳони дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала ва воҷеияти тоза ба вуҷуд омада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш таҳаввулот ва сабабҳои пайдо гардидани онҳо пайваста пурра ва ҳамаҷониба омӯхта шавад. Айни замон шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ экстремистӣ ва ифротгарои ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоини миллат ва Ватан ҳисобида мешавад. Ҳар шахсе, ки ба амалҳои бад даст мезанад на танҳо обурӯи хеш ва пайвандонашро, балки дар ҷомеа низ одами пасту бе обурӯ дониста мешавад. Аз ин рӯ мебояд мо дар ҷомеа тавре рафтор намоем намунаи ибрати дигарон ва ифтихори давлати хеш бошем. Мавриди зикр аст,ки роҳбари ТЭТ ҲНИТ ва дигар ҳаммаслаконаш ҳоло ҳам аз нияти бади худ даст накашидаанд, ҳаргиз пушаймон нашудаанд, балки баракс ҳиллаву тадбир меандешанд, чи тавр бори дигар миёни мардум ба ғаразҳои касифи худ ноил шаванд. Ҳама гуна афрод метавонад амалҳои зиштро анҷом диҳад, лекин ин гуна хислат одамро соҳиб мансабу обрӯманд намегардонад. Барои пешрафти ҷомеа мо бояд кушиш ба харҷ диҳем, ки ба амалҳои бад даст назада ва онҳое ки ба чунин роҳҳо мераванд сади роҳашон шавем, зеро пешравии миллату давлат дар дасти мо шаҳрвандон буда аз амалу рафтори мо вобастагии калон дорад.
Сабтҳои охирин
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд
Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад, ки шояд нерӯҳои амниятии Эрон аснои таъқиби эътирозҳои ахири ин кишвар дар робита бо болоравии нархи бензин, то як ҳазор нафарро ба қатл расондаанд.
Тероризм
Тероризм Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 21 падидаҳои гуногуни тероризмӣ қувват гирифтааст, ки бо воситаи пурқувватии мубориза барои манфиатҳои сиёсӣ бо роҳи зурии идеологӣ ва геопалитикӣ табдил ёфтааст. Шаклҳои зуҳури терроризм хело гуногун мебошад , зеро онро мутахасисон ва олимон гурӯҳбандӣ кардаанд.тероризми давлатӣ , тероризми гурӯҳи мухолифин,тероризми байналмилалӣ ва дохили давлатӣ ҷудо намуданд. […]
Таҷлили Рӯзи оила дар қасри фарҳанги ноҳия
Таҷлили Рӯзи оила дар қасри фарҳанги ноҳия Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари азизамон–Тоҷикистони биҳиштосо 15-май ҳамчун ” Рӯзи байналмилалии оила” ҷашн гирифта мешавад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили меҳру муҳаббат, садоқату самимият, вафодорию […]