Ҳар як шахс гарчанде шоҳиди ҳодисаҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузашта набошандҳам, баъди тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” шоҳиди ҷиноятҳои гӯшношунид ва хиёнати ба миллату давлат намудани аъзоёни ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ мегарданд. Зеро филм дар асоси далелҳои раднопазир аз ҷониби шоҳидони ҳол таҳия ва пешкаши тамошобинон гардонида шудааст.
Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ аз ибтидои фаъолияти пинҳонкориаш мақсаду нияти нопок дошта ва аъзоёнаш онро дар парда чунон рангу тобиш медоданд, ки қисме аз одамони зудбовар дар симои онҳо ҳамиёни худро диданд. Вақте парда биафтод, диданд ва фаҳмиданд, ки ин ҳамиёни бо ном чи нияти нопокеро амалӣ карданианд. Вале алакай дер шуда буд. Роҳбарони ҲНИ дар асоси нақшаи пешакӣ кашида, ки бо дастуру нишондоди хоҷагони хориҷиашон тартиб дода шуда буд, фарзандони як миллатро ба минтақаҳо ҷудо намуда, бар зидди якдигар бар хезонданд. Дар филм аз забонҳои шоҳидони ҳол ва наворҳои он тамошобинон диданд, ки роҳбарони ин ҳизби хунхор барои тарсонидани мардум ва онҳое, ки садди роҳи ниятҳои нопоки онҳо шудан мехоҳанд, ба чи амалҳои зишт, бӯридани узвҳои асосии инсон, ҳабси одамон дар бочкаҳои тафсон ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ даст задаанд.
Имрӯз он аъзоёни ин ҳизби террористӣ, ки дар маҳбасанд, аз карда пушаймонанд. Афсус мехӯранд, ки ба доми фиреби саркардагони ин ҳизб афтода ба роҳи хато рафтанд. Онҳо ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳанд, ки дигар ба суханони иғвоангезонаи думравони М. Кабирӣ, М. Садриддин, М. Салипур, С. Истаравшанӣ, ки ҳоло ҳам хориҷ аз кишвар дар пайи ноором намудани фазои мамлакат ва ба амал овардани табадуллоти давлатианд, бовар накунанд.
Баромадҳои ду – се хиёнаткор гарчанде “саг меҷакаду корвон ба роҳаш меравад” монанд ҳам, ба иззати нафси кас мерасад. Барои наҳзатиҳое, ки имрӯз дар хориҷи мамлакат зиндагӣ мекунанд, тақдири миллат, Ватан, падару модар арзише надорад. Гоҳ – гоҳ садо баланд намудани онҳо василаест, ки соҳибонашон гундае ба даҳонашон партоянд. Филми ҳуҷҷати “Хиёнат” барои тамоми мардуми Тоҷикистон, ки хоку об барояшон азиз аст, ибратомӯз аст. Филм бо намоиш додани амалҳои хунин ва чеҳраи аслии гургонаи наҳзатиҳо, ки солҳои 90 – уми асри гузашта ба сари мардум овардаанд ва имрӯз ҳам кӯшии ноором сохтани вазъи кишварро доранд, моро водор ва вазифадор менамоянд, ки дигарбора ба доми чунин равияҳои террористӣ – экстремистӣ наафтем. Ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ба қадри ҳаёти осоишта ва зиндагии хушбахтонаамон, ки дар натиҷаи заҳмату меҳнат ва кӯшишҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳофарӣ ва давлатсозӣ ба даст омадааст, бирасем.
Саидҷалол Сатторов, роҳбари гурӯҳи таҳлилӣ, мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия.