Хабарҳо

Дорухонаи “Инсоф” 24 соат дар хизмати мардум

Имӯзҳо хурсандибахш аст, ки аксарияти сокинони кишвар, хусусан соҳибкорон ва саховатмандони меҳани азизамон дар партави дастуру супоришҳо ва пайравии аз кору пайкори ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш ба харҷ медиҳад, то баҳри рушду ободонии диёр заррае ҳам бошад саҳми муносиби худро гузорвад. Соҳибкори ватанӣ, зода ва истиқоматкунандаи биҳиштосои Ховалинг Ҷабборов Ҳотамҷон тасмим гирифт, то баҳри рушду ободии диёр ва дастгирии мардуми сарбаланду заҳматкашидаи ноҳия саҳмгузор бошад. Бо ин мақсад ӯ дар маркази ноҳия дорухонаи “Инсоф”- ро таъсис дод. Дорухонаи мазкур дар кӯчаи С. Вализода, дар назди бинои маркази санитарию эпидемиологии ноҳия (идораи СЭС) таъсис ёфтааст ва 24 соат дар хизмати мардум буда арзиши доруҳо низ дастрас мебошанд.

То ин вақт дар ноҳия чунин дорухона, ки 24 соат фаъолият кунад мавҷуд набуд ва аксарияти мизоҷон аз ин танқиси мекашиданд. Алҳол сокинони ноҳия аз хизмати софдилонаи дорухонаи “Инсоф” истифода бурда, баҳри барқарор бурдани саломатиашон кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва аз иқдоми неку ватандӯстонаи соҳибкор Ҳ. Ҷабборов хушнуданд. Зимни сӯҳбат соҳибкор Ҳ. Ҷабборов ба мо иброз дошт, ки : “Мақсади  мо аз таъсис додани чунин як дорухона хизмат ба ҳамдиёрон, аз ҷумла сокинони ноҳия ва сиҳату солим нигоҳ доштани ҷомеа мебошад.

Зеро, ки имрӯзҳо пандемияи КОВИД – 19 ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, мо ҳам ният дорем, ки баҳри ҳифзи саломатиии сокинони ноҳия маводҳои зиддиэпидемикӣ  ва доруву дармонҳои хушсифатро ба онҳо пешкаш намоем.   Фарҳод Давлатов.