Хабарҳо

Мо бояд ифротгароиро пешгири намоем

Имрӯз мо дар ҷаҳони муосир дар баробари пешрафти илму техника, таммадунҳо ва дигар навгониҳо, шоҳиди равандҳои тундгаро мегардем, ки ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор намуда, онҳоро бехонумон мегардонанд. Хариду фурӯши одамон, савдои маводи мухадир, ташкили гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ, таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ба амал овардани таркишҳо дар шаҳрҳои калон, гаравгонгирии одамон, куштори аҳолӣ ҳамаи ин бо мақсади ноором сохтани ҳаёти одамон ва ба зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият роҳандози карда мешавад. Имрӯз ҳамагон шоҳиданд, ки террористону экстремистони ДОИШ ва Толибон ба сари мардуми Сурия, Ироқ ва Афғонистон  чи  мусибатҳоеро  наоварданд. Мо ҳамарӯза шоҳиди таркишҳо ва куштори одамон дар ин ё он давлати ҷаҳон мегардем. Мардуми   бегуноҳи ин давлатҳо, ки дар Ватани худ зиндагии осоишта ба сар мебурданд, маҷбуранд, ки хонаю дар ва моликияти шахсии худро партофта, барои ҳифзи ҷони худ тарки ватан намоянд. Мусибати ба сари ин мардум омада онеро, ки худро инсони комил мешуморад, бетараф гузошта наметавонад. Зеро дар ин ҷангҳои хонумонсӯз пеш аз ҳама ҳазорон одамони бегуноҳ, занон, кӯдакон, пирони барҷомонда талаф меёбанд.

Боиси таассуф аст, ки шомилшавии ҷавонон ба  ин гурӯҳҳои хунхор аз кишвари мо ҳам ба мушоҳида мерасад. Саркардагони ин гурӯҳҳо бо ваъдаҳои дурӯғ  бар ивази дар ин ҷангҳои бемаънӣ иштирок намудан соҳиби молу мулки зиёд шудан ва дар ҳолати мурдан рост ба юиҳишти ҷовидон ҷой ёфтанро ваъда дода, ҷавонони нохонда, зудбовар ва гумроҳи аз назорати падару модар, омӯзгор ва ҷомеа дурмондаро ба гурӯҳҳои худ ҳамроҳ менамоянд. Барои онҳо раҳоӣ ёфтан аз дастони ин ҷалодони одамхор вуҷуд надорад. Зеро ба ҳар як қадами онҳо назорати қатъи бурда мешавад. Аз ин рӯ падару модарон, омӯзгорон, ҷомеа моро зарур аст, ки ба ҷавонон аз хурдӣ мақсади нопоки амалҳои террористону экстремистон аз таркишу кушторҳое, ки ҳамарӯза дар гушаю канори ҷаҳон ба амал меоранд, фоҷиаҳои гушношунидеро, ки ба  сари мардум бор мекунанд, бифаҳмонем.