Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Мо чи қадаре, ки нерӯи барқро сарфакорона кам истифода намоем, дар дар охири моҳ барои истифодаи он ҳамон қадар маблағ кам месупорем . инро ҳам дар ёд дошт, ки вақте ки мо қувваи барқро сарфа менамоем, шароити ба таври муътадилкор кардани заводу фабрика ва корхонаҳои истеҳсолӣ фароҳам оварда мешавад. Боиси таассуф аст, ки на ҳама ба дарки ин масъала мерасад ва аз қувваи барқ сарфаҷӯёна истифода истифода менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки қисме аз соҳибхонаҳо нисбати даромади оила, он заҳмате, ки сардори оила барои ба даст овардани маблағ мекашанд, бепарвоанд. Аз қувваи барқ бе зарурат шабонарӯзӣ истифода мекунанд. Мардуми мо солҳо азоби бе барқиро кашидаанд. Ҳолатҳое буд, ки бо сабаби бебарқӣ баъзеҳо аз деҳа ба шаҳр кӯч бастанл. Имрӯз ҳам ба ин ё он сабаб додани барқро қатъ намоянд, ҳамон лаҳза таъбамон хира мегардад ва бо шикоят оғоз менамоем. Бояд дар хотир дошт, ки дар баробари он ки мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ нерӯгоҳҳои зиёди тавлидкунандаи барқро ба монанди “Помир – 1”, “Сангтуда – 1”, “Сангтуда – 2”, маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Нерӯгоҳи Барқи Обиии “Роғун”, инчунин нерӯгоҳи “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб ва дигар нерӯгоҳҳои худро сохта ба истифода дода бошем ҳам, то ҳол ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ нарасидаем. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти таъмини қувваи барқ дар кишваро пурра бардошт. Аз 14 январи соли 2017 то имрӯз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошад. Бар замми ин, чи тавре ҳамагон огоҳӣ доранд сол то сол гармшавии ҳаво ва кам гардидани захираи об дар баландкӯҳҳо бо сабаби кам боридани барф ва бо суръати баланд обшавии пиряхҳо ба истеҳсоли қувваи барқ монеа эҷод намуда истодааст. Чи тавре дар Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, тирамоҳу зимистони соли 2019 – 2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф ниҳоят кам буд ва 50 фоиз ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард. Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад. Имрӯз об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Ҳоло дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Сокинони ноҳия бояд бидонанд, ки 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода менамояд. Агар бихоҳем, ки дигарбора дар додани барқ маҳдудият ба вуҷуд наояд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо, ширкату корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон бояд онро сарфакорона истифода ва маблағи барқи истифоданамудаашонро сари вақт пардохт намоянд. Дар ҳамин ҳолат имкони бартараф намудани мушкилот дар додани барқ бартараф карда мешавад ва мо дар фасли зимистон бе барқ намемонем. Ва баракс ин талаботро иҷро намекунем, боз ҳамон зарурати маҳдудкунӣ пайдо мегардад. Боварӣ изҳор менамоем, ки кули мардуми шарифи Тоҷикистон Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик” – ро дастгирӣ намуда, дар истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ аз худ ибратмандӣ нишон медиҳанд.
Сабтҳои охирин
Имрӯзҳо терроризму экстремизм ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Мо ҳама хуб медонем, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забонҳо шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои […]
Дар якҷояги ва ҳамдили ин “вабои аср” -ро нест хоҳем кард.
Аввалан бояд қайд намоем, ки воқеан саломатии аҳоли ин боигарии давлат мебошад. Дар ҳақиқат имрӯзҳо паҳншавии ин беморӣ дар сархати тамоми расонаҳои ҷаҳон қарор дорад. Албатта ин «вабои аср » дар Тоҷикистони азизи мо низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки бемории сироятии коронавирус нави КОВИД -19 бо роҳи қатрагӣ – ҳавоӣ ва […]
Тарафдорони таълимоти «Салафия» дар иҷрои баъзе фарзиятҳои динӣ
Тарафдорони таълимоти «Салафия» дар иҷрои баъзе фарзиятҳои динӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рўи мавқеи географии худ дар минтақаи бархурди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрати дунё қарор дорад. Аз ин ҷост, ки солҳои 90-уми қарни гузашта дар натиҷаи инқирози сохти ҷаҳонии сотсиализм ва фурўпошии давлати Шўравӣ фаъолияти мақсадноки гурўҳҳои террористиву экстремистии […]