Хабарҳо

Нақши занон ва ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза

 

Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои  маориф беш аз 70%, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67%, фарҳанг 51% ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 % – ро ташкил медиҳанд. Дар соҳаҳои кишоварзӣ  низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад. Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ  намудани фармони Президент доир ба  баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбари ҷалб мекунем. Занону боувони мамлакат дар тибқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқиӣ мемонад. Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъули баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод бо арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст. Имрӯзҳо беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 % онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.

Мудири бахши кор бо занон ва оила

Тураева П.