Вақте ки калимаи терроризмро ба забон меорем, дар пеши назарамон пеш аз ҳама куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ занон, кӯдакон, пиронсолон, хароб ва вайрону валангор намудани биноҳои муассисаю ташкилотҳо, хонаҳои истиқоматбтӣ бе сарпаноҳ мондани ҳазорҳо одамон, гуреза ва бе хону мон шудани онҳо ва дигар мусибатҳои гушношунид пеши назар меояд. Вақте симои террористро тасвир менамоем, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши назар меояд, ки гуфта буд: “Террорист ватан, миллат, дину мазҳаб надорад”. Агар ба қадри Ватан мерасид, ба гуфтаи Худою Расул амал мекард, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи хато намерафт. Маълум аст, ки қисме аз ҷавонондар масоили динию дунявӣ дониши кофӣ надоранд, ба осонӣ фирефтаи ҳиллаю найрангҳои равияҳои бадкешу ифротгаро мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст ва аз минбари баланди СММ ҳам ба ҷаҳониён таъкид намуд, ки “номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. тамоюли торафт қуввтгирифтаистода ва сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад”. Суоле ба миён меояд, ки оё мо метавонем пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба чунин гурӯҳҳои тундгаро пешгирӣ намоем? Албатта метавонем дар сурате, ки падару модарон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” – ро дар амал иҷро намоянд. Зеро танҳо шахси солим бо мулоҳизаи солими хеш метавонад, ки таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии рӯзро дар тарозуи ақл санҷида, ба манфиати давлату миллати худ ва хеш истифода намояд. Ҳамчунин корҳои тарбиявиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва алалхусус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ тақвият бахшидан зарур аст, то ки шогирдон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ тарбия ёбанд. Вақте ки ҷавонон моҳияти аслии терроризмро мефаҳманд, дар бораи мақсаду мароми он маълумот пайдо менамоянд ва вақте медонанд, ки чунин амалҳо дар назди қонун нобахшиданӣ ва ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле ки қадри Ватан – Модар, дину мазҳаб, тинҷию осудагӣ, зиндагии осоиштаро дарк намоянд, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато қадам намегузоранд.
Сабтҳои охирин
Кӯтоҳ андешагӣ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад.
Мӯҳиддин Кабирӣ ҳамеша зери таъсири рӯҳониёти ифроти наҳзатӣ қарор дошт ва дар натиҷа шахсияти вай хамчун як нафари мутаасири ифротӣ шакл гирифт, ки барои боварияти ҳамон вақтаи наҳзат ва мӯҳимтараш аз ҳама барои соҳибкорони хориҷии ҳизби терористӣ мувоффиқ буд. Созандагони ин идеология душманони аслии дини мубини ислом буданд, коргардонҳояш хоҷагоне ҳастанд, ки барои онҳо мафҳумҳои […]
Паём роҳнамои корҳои ободонию созандагии ҳар яки мост
Паём роҳнамои корҳои ободонию созандагии ҳар яки мост Ҳар Паёми Президенти кишвар аз Паёмҳои дигараш бо дарбаргирии масъалаҳо, дастоварду нишондиҳандаҳо, вазифаҳои дарпешистода ва вазифагузорӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Паёми навбатӣ низ чун як барномаи мукаммали ҳаёти давлат ва ҳар сокини кишвар дар як давраи муайян буда, бо хусисиятҳои зикргардида аз дигар Паёмҳо фарқ мекунад. Боиси […]
Зери фишори рӯҳониёни ифротӣ қарор доштани Муҳиддин Кабирӣ.
Мӯҳиддин Кабирӣ ҳамеша зери таъсири рӯҳониёти ифроти наҳзатӣ қарор дошт ва дар натиҷа шахсияти вай хамчун як нафари мутаасири ифротӣ шакл гирифт, ки барои боварияти ҳамон вақтаи наҳзат ва мӯҳимтараш аз ҳама барои соҳибкорони хориҷии ҳизби терористӣ мувоффиқ буд. Созандагони ин идеология душманони аслии дини мубини ислом буданд, коргардонҳояш хоҷагоне ҳастанд, ки барои онҳо мафҳумҳои […]