26 январи соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро “Дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд. Паёми навбатии Президенти мамлакатро як барномаи мукаммали ояндасози миллат номидан мумкин аст. зеро дар он дар баробари шарҳу тавзеҳи иҷрои нақшаву барномаҳои қабулгардида дар соли 2020 дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон дар солҳои минбаъда ба таври возеҳ нишон дода шуд.ба он нигоҳ накарда, ки соли 2020 барои тамоми давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам аз ҳама ҷиҳат соли душвор буд, – омад дар Паём, – сокинони мамлакат тавонистанд, ба нишондиҳандаҳои мусбӣ солро ҷамбаст намоянд. Дар соли гузашта Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои асосии худ аз бунбасти каммуникатсионӣ раҳои бахшидани кишвар пурра ноил гардид. Дар бобати сифати роҳҳои сохташуда Тоҷикистон дар радабандӣ дар байни 141 давлати дунё ҷойи 50 –умро ишғол намуд. Дар минбаъда бошад, сохтмону баистифодадиҳии роҳҳои байни шаҳру ноҳия, ҷамоатҳо ва деҳотҳо давом дода мешаванд. Дар роҳи амалӣ намудани дигар ҳадафҳои стратегии давлат, ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноаткунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузошта шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи дастоварду пешравиҳо, корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми соҳибкорон, моликияти хусусиро муҳим арзёбӣ намуда, ба онҳо додани имтиёзҳои навро зарур шуморид. Боиси қаноатмандист, ки чунин имтиёзҳо дар соли 2021, ки изҳороти муншии СММ оид ба озуқа соли хеле душвор дар назар дошта шудааст, ба кишоварзон низ дода мешавад. Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки дар соли 2021, ки аз рӯи паёмадҳо соли душвор ҳисобида мешавад, кишоварзон аз андози ягонаи замин озод карда шаванд. Дар Паём таҳлилу вазифагузориҳо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат: иқтисод, саноат, хоҷагии қишлоқ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, таъминоти иҷтимоӣ, варзиш, занон, ҷавонон, сайёҳи ва сиёсати хориҷӣ карда шуд, ки ҳамаи онҳо моро ба ояндаи неку дурахшон, зиндагии серу бур дилпур мегардонад.
Мутахассиси пешбари бахши умумӣ
Раҳимзода М.