Хабарҳо

…Раҳнамо дар зиндагониям китоб

Китоб ганҷи бебаҳо, равшангари роҳи маърифатнокии инсон, тарбиятдиҳандаи насли  башар ва дурахшонии ояндаи миллат аст. тоҷикистон кишвари биҳиштосо буда, миллати кӯҳанбунёди тоҷик аз қадимулайём китобдӯсту китобхон буд. Фарзандони бузургу соҳибхиради ин миллат пайваста вақти холигии худро бо китобхони мегузаронанд ва баҳри ба мерос гузоштани фарҳангу оини бузурги миллат, бохабар гардидани насли оянда аз ҳаёту фаъолияти аҷдодону гузаштагони худ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон китобхонаи зиёде ба табъ расидаанд. Баҳри пурра воқиф гардидани насли наврас аз осори гаронбаҳои бузургону гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалии хеш иқдоми наҷибу саривақтии баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро роҳандози намуд. Озмуни мазкур тавонист дубора ҷомеаи кишварро ба китобхонию китобдӯстӣ ҷалб намуда, шавқу завқи китобхониро дар дили ҳар як фарди кишвар бедор намояд. Пиру ҷавон, марду зан, хулоса ҳама табақаҳои ҷомеа ин озмунро бо як дилгармию меҳру муҳаббати беандоза ва руҳу илҳоми болида пазируфта тавонистанд, ки саҳифаҳои таърихи гузаштаи худро аз нав варақгардон кунанд ва дарк созанд, ки миллати тоҷик китобдору китобдӯст буда, байни дигар қавму қабилаҳо дорои шоирони воломақоми бузург аст, ки бо китобҳои нашр намудаашон ва осори гаронбаҳо ва пурарзишашон номи миллатро пурифтихор гардонидаанд. Китоб на танҳо инсонро бомаърифат мегардонад, балки ӯро бо роҳи дурурсти зиндагӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ месозад, то ки оянда нафърасони ҷомеа бошанд. Дар асрҳои гузашта хоинони миллати мо хостанд, ки китобҳои чун Авасто ва амсоли онҳоро сӯзонда несту нобуд созанд, аммо ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Милллати овозадори тоҷик тавонист, ки ашъори Рудакиву Хайём, Бедилу Ҳофиз, Саъдию Абуалӣ ибни Сино ва дигарон дубора шуҳрати худро ҷаҳонӣ созанд. Агар давлат дорои урфу одат анъанаву русум ва инчунин дорои китоб илму маърифат набошад,  давлати комил эътироф карда намешавад. Ояндаи давлатро ҷавонони бо нангу номус ва соҳибмаърифат метавонад созад. Пас барои пешрафти  имрӯзу фардои миллат камари ҳиммат баста, саъю кушиш намоем, ки мероси шоирони кӯҳанбунёди худро ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем ва ба ин васила пайравони Пешвои миллат бошем. Чуноне, ки фармудаанд:

Ҳамдаму ҳамрози ҷониам китоб,

Раҳнамо дар зиндагониам китоб.

Саодати Сайвалӣ муҳассили МТМУ №6.