Хабарҳо

Намади сиёҳ ба шустан сафед намешавад

 (Ҷавоб ба изҳороти бардурӯғи Муҳиддин Кабирӣ, ки  гӯё ҲНИ дар ҳеҷ як кишвари дунё нерӯи мусаллаҳ надорад”

Дар ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ душманони давлат ва миллат – роҳбарони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизбӣ наҳзати ислом  ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик рӯзҳои мудҳишро ба бор оварданд.

Дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ 150 ҳазор одамон бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, зиёда аз як миллион нафари дигар гуреза гаштанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумати Тоҷикистон  барои ба даст овардани сулҳ, барои аз байн нарафтани давлату миллат ба онҳое, ки ин рӯзи сиёҳро ба сари халқ оварда буданд, гузашт намуд,гуноҳи онҳоро бахшид. Онҳоро сари қудрат баровард. Дуруст будааст, ки “оқибат гургзода гург шавад, гарчи бо одами бузург шавад”.

Саркардагони ин ҳизб ҳеҷ гоҳ ва то имрӯз аз мақсади нопоки худ – дигар кардани сохти давлатӣ, мазҳаб ва дигар урфу одати миллӣ даст накашидаанд.

Баъди аз тарафи онҳо борҳо содир шудани амалҳои террористӣ ва ахиран кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо дасти аъзои ҳамин ҳизб генерали хоин  Абдуҳалим Назарзода Ҳизби наҳзати ислом аз тарафи мақомоти олии қонунбарори Тоҷиҷикситон ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон карда шуд. Алакай ин ҳиби манъшудаи наҳзати исломро на танҳо дар Тоҷикистон,  балки дар давлатҳои калонтарини дунё чун Россия, Чин, Афғонистон ва дигарҳо чун ҳизби террористӣ эътироф намудаанд.

Роҳбарони гурезпои Ҳизби наҳзати ислом, ки имрӯз аз тарси ҷазо дар хориҷ аз мамлакат паноҳ мебаранду ҳамарӯза бо суханҳои бофтаю сохтаи ғаразона мехоҳанд дар байни мардум нооромиро ба вуҷуд биоранд,  кӯшиш менамоянд, ки худро ва ҳизби хунхори ҲНИ –ро бегуноҳ бароранд.

Чунончи Мақомоти амниятии Афғонистон  аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода дода гуфтанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби  наҳзати исломи Тоҷикистон низ ҳастанд.

Аҳмадиён Сироҷ, роҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афӯонистон, ки рӯзи панҷшанбе 18 феврал оид ба натиҷаҳои “Конфронси минтақаи мубориза алайҳи терроризм”сухан мегуфт, дар баробари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) , “Ансоруллоҳ” – и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркманистони шарқӣ (ҲИТШ) аз Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ном бурд.

Ӯ гуфт, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо кашонидани домани ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони шарқӣ (Чин) аст

Дар ҳамин ҳол саркардаи Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 19 феврал гуфтаи мақомоти Афғонистонро  рад карда мегӯяд, ки ҲНИ дар ҳеҷ як гӯшаи дунё,  аз ҷумла дар Афғонистон   нерӯи мусаллаҳ надорад.  Кӣ бовар карда метавонад, ки ҲНӢ, ки фаъолияти асосии худро дар Афғонистон оғоз намудааст, дар он ҷо тарафдор ва нерӯ надошта бошад?

Ҳеҷ вақт ту Кабири гуноҳи худ, ҳаммаслакон ва Ҳизби хунхори ҲНИ- ро   ба гардан намегирӣ. Чунки  ”Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки дуғи ман турш аст”. Вале дониста бош, ки ҳазор ҷон биканӣ ҳам мисли он, ки офтобро ба домон пӯшонида намешавад, ҷиноятҳои дар назди давлату миллат содирнамудаи саркардагони ин ҳизбро, ки бо талабу дархост ва маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ба сари миллати тоҷик бор намуданд,  пинҳон карда наметавонӣ..

Дар ин мақола мо зарур намедонем, суханони шоҳидони ҳол, ҳатто хешу табор ва надикони худатро, ки дар бораи нақшаҳои хоинонаи туву ҳамроҳонат, маблағгузоронатон , молу амволи бо пули ҳаром ба даст овардаатон қисса намуданд,  ду филми ҳуҷҷатие, ки зиндагиномаи туву ҳаммаслаконатро бори дигар ба мардум нишон дод, мисол биорем. Ҳамаи ин мисли шоҳиди рубоҳ думаш аст.

Ҳаминро ба ту бори дигар мегӯем, ки  ҳамаи кӯшишҳоятон дар бораи бегуноҳ баровардани худу Ҳизби террористӣ –экстремистии  наҳзати ислом беҳуда ва бенатиҷа аст. Чунки намади сиёҳ ба шустан ҳеҷ вақт сафед ва Ҳизби наҳзати ислом бо дурӯғбофии туву ва роҳгумзадагони ба доми тазвири ту афтода  ҳизби бегуноҳ намешавад.

Дилшод Шеров, мудири бахӯши кор ба ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ховалинг.