Дар урфият мегӯянд, ки замин одамро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад. Яъне агар инсон заминро самаранок истифода бурда, мувофиқи қоидаҳо ва маслиҳатҳои мутахассисон кишт намуда, зироатҳои хоси ҳамон замин корад, дар боло будани сатҳи зиндагӣ ва пур гардонидани дастархони худсаҳм мегузорад. Аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳар як мусулмони комилро зарур аст, ки баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии оилаи худ талош варзад. Яъне бо меҳнату заҳмат зироаткорӣ намуда, ризқи худ ва фарзандонро пайдо кунад. Дар қатори зироаткорӣ уҳдадор аст то баҳри ободию созандагии диёр саҳм гузорад. Дар оятҳои 63 – 64 – и сураи Воқеа – и Қуръони Карим низ перонуми ҳамин мавзуъ гуфта шудааст.
Имрӯзҳо бархе аз нафарон зироаткорию дарахтшинониро кори кишоварзону боғкорон медонанд, ки ин фикр хатост. Ҳар як фарди мусулмон метавонад барои дарёфти савоб дарахте шинонанд ва ё зироаткорӣ кунад. Дарахтшинонӣ ё зироаткорӣ низ худ садақа аст. Анас ибни Молик разиаллоҳу анҳу ривоят кардааст, аз Расули Худо дар бораи ободонию созандагӣ: “Нест ягон мусулмоне, ки мешинонанд дарахтеро ё кишт кунанд зироатеро пас аз ҳамон дарахт ё зироат парранда ё инсоне ва ё чорвое мехӯрад барои он садақа мешавад, ҳатто агар пинҳони хӯрад”. Бадриддини Айнӣ шореҳи саҳеҳи бухорӣ шарҳи оятро чунин баён доштааст: “Агар инсон аз он дарахт истифода кунад, новобаста аз он, ки дуо мекунад, садақааш мерасад”. Пас, моро мебояд бештар мардумро ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб намоем. Хусусан ҷавононро таъкид созем, ки имрӯзҳо вақтҳои холигии худро беҳуда нагузаронида, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм гузоранд. Зери шиори “Дигарон шинониданд, мо хӯрдем, мо мешинонем то ояндагон хӯранд” амал намуда, боғ бунёд созанд. Дар корҳои ҷаъмиятиву оммавӣ фаъолона ширкат варзида, меҳнатдӯстиро пеша созанд. Анна он вақт мо метавонем сади роҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгару ҷангҷӯ шавем. Пӯшида нест, ки сабаби фирефта гардидани аксарияти ҷавонони мо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, бекорӣ ва камбизоатӣ аст, ки фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини онҳо мегарданд. Дар ҳолати ба меҳнат ҷалб гардидани ҷавонон ва фоидаи соф ба даст овардани онҳо аз меҳанти ҳалол онҳо эҳтиёҷ ба гурӯҳу дасисабозӣ надоранд ва метавонанд баҳри ободии диёр камари ҳиммат банданд.
Шамсиддин Обидов