Ҳизби наҳзати ислом ҳизбест, ки барои дигар кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон бо дасти хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ сохта шудааст ва роҳбарони он бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон, ки онҳоро бо пули калон маблағгузорӣ менамуданд ва ҳоло ҳам дасгирӣ,маблағгузорӣ карда мешаванд, амал менамуданд ва менамоянд.
Саркардагони ин ҳизб хуб медонистанд, ки бо мафкураи дигарон мақсади хиёнаткоронаи худро ҳосил карда наметавонанд, бинобар ҳамин бо нармзабонӣ, гапфурӯшӣ, ваъдаҳои ҳавоӣ худро ҳомӣ ва наҷотбахши миллат нишон дода, бо ин роҳ хостанд ва дар байни мардуми авом обрӯ ва нуфуз пайдо намоянд. Онҳо то андозае ба мақсади разилонаи худ ноил ҳам шуданд. Тавонистанд, як қисм одамони зудбовар, ноогоҳро дар атрофи худ ҷамъ оварда, ба майдон кашанд. Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба қувваи муқобил дар ду майдон ҷанги маҳалгароиро барангехтанд, ки он ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт.
Сарфи назар аз он ки наҳзатиён сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буданд, ба хотири расидан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гуноҳҳои онҳо бахшида шуд. Вале онҳо ҳамоно аз нияти бади худ барнагашта буданд. Хоҳон ва талабгори ба асри миёна баргардонидани ҷомеа буданд.
Чандин сол аст, ки чанд нафар аъзоёни ин ҳизби хунхор бо роҳбарии хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ – идеологиро пеш бурда, бо дастури хоҷагони хориҷиашон кӯшиш доранд, ки фазои орому осудаи кишвар ва ҳаёти мардуми онро халалдор созанд.
Онҳо дар давраи баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузаштаи 2020 бисёр мехостанд, ки дар байни мардум низоъ бархезонанд. Вале тири душманони давлат ва Ҳукумат хок хӯрд. Маъракаҳои мазкур дар доираи қонун, озод, шаффоф ва демократӣ баргузор гардиданд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо набояд оқибатҳои ниятҳои нопоки ин гурӯҳро фаромӯш кунем, аз макрашон ғофил бимонем.
Вақте ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мегардем, бояд аз ҳиллаю найранги онҳо – чи тавр ба тарафи худ кашидани ҷавонон, алалхусус ҷавонони нохонда, аз макру найрангҳои мағзшӯии онҳо бехабар огоҳ бошем. Ҳаминро бояд дар хотир дошта бошем, ки наҳзатиҳо ба ғайр аз сафсатафурӯшӣ, низоандозӣ, бадном кардани давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ дигар аз дасташон коре намеояд.
Оё аз Муҳиддин Кабирии хоини давлату миллат ва Муҳаммадиқболи Садриддини фоҳишаи бешараф, ки яке дар ҷанозаи модар ва дигар ҷанозаи падар дидаю дониста иштирок накарданд, ягон амали хайру савобро интизор шудан мумкин аст? Ҳеҷ гоҳ.
Инҳо ҳамон террористони бозичаи сари дасти дигаронанд, ки худро дар либоси дигар, дар шаклу намуди дигар чун рубоҳи ба кӯзаи рангрез афтода ҷилва медиҳанд.
Убайдуллозода Саида.