Хабарҳо

ТТЭ ҲНИ – БАЙНИ МАРДУМ ДАССИСА МЕАНДОЗАД

ДАСТГИРИИ МУҲОҶИРОН

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ қазияи боздошти Иззат Амон сару садоҳоро баланд намуда,  бархе аз муҳоҷирони кӯтоҳандеш бетаҳлил ва доштани маълумоти саҳеҳ вобаста ба ин қазия бадоми гурӯҳҳои экстремистӣ меафтанду худ бедарак мемонанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  Иззат Амон на фаришта ҳасту на ягон инсони кайҳонӣ, балки як инсони хокист. Маълум аст, ки ҳар касе таҳкир ва ё қаллобӣ менамояд,тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҷавобгарӣ кашида мешавад. Бинобар ин тарафдорӣ аз ҷинояткор ва  ё гумонбар  наметавонад  сабаби  озод  гардидани он бошад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бамонанди «Гурӯҳи-24»,   «ТТЭҲНИ» ва шахсони манфиатдор мехоҳанд аз фурсат исифода намуда, сафи аъзои худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу камасавод зиёд гардонанд ва ба ин васила онҳоро бамеханизми истифодаи мақсадҳои худ равона созанд. Дар замони бархурди манфиатҳо онҳое, ки ба ҳаводису воқеаҳо бо чашми хирад наменигаранд, аллакай дар зиндагӣ роҳгумзада гардида, бозичаи дасти дигарон мегарданд.

ДАСТГИРИИ  ҶАВОНОН

Яке аз хабарҳое, ки имрӯз сархати сомонаҳои иҷтимоиро ташкил медиҳад, алалхусус зери истифодаи гурӯҳҳои ифротӣ қарор, боздошти як нафар бо исми Иззат Амон мебошад. Ҳамаи ин сомонаҳо ва ё гурҳҳои экстремистӣ «пуштибонӣ» аз нафаре доранд, ки бо ҷурми ғайриқонунӣ шаҳрвандии Федератсияи Россияро соҳиб гардидаву баъди ошкоргардидани қонунвайронкунӣ шаҳрвандияш бекоркардашуда, аз ин кишвар ихроҷ карда мешавад. Аризаи шикоятии баъзе аз ҷабрдидаҳо маълум менамояд, ки Иззат Амон на ҳомии ҳуқуқ, балки як фиребгар аст, зеро бо истифода аз боварии бархе аз муҳоҷирон маблағҳои онҳоро азхуд кардаву ба бархеи дигар аз як қисми он кумак расонидаву дар шабакаҳои интернетӣ аз худ қаҳрамон сохтааст. Албатта, беҳуда нагуфтаанд: «Харҷ агар аз кисаи дигарон бувад, Ҳотами тойшудан осон бувад». Пас ҷавононро махсусан онҳое, ки берун аз кишвар кору фаъолият менамоянд, бояд таҳлилгару нуктасанҷ бошанд ва ба суханҳои гурӯҳҳои ифротӣ дода нашаванд. Зеро онҳо танҳо барои манфиати шахсии худ ба ин қазия дарафтанд.

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

Чанд рӯз пеш дар сомонаи иҷтимоии «Фейсбук» хабаре нашргардид, ки Иззат Амон ном шахс,  ки баъзе ӯро«ҳомии ҳуқуқ»-и муҳоҷирон ва баъзеи дигар қаллоб меномид,  мутолеа намудам. Дар ин хабар гуфта мешуд, ки Иззат Амон бо сабаби ғарйиқонунӣ соҳибшудани шаҳрвандии Федератсияи Россия аз шаҳрвандии ин кишвар ихроҷ гардида,баТоҷикистон истирдод гардида, бо сабаби даст доштан дар ҷиноятӣ қаллобӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дастгир гардидааст. Ин хабар таваҷҷуҳамро ҳеҷ ҷалб накард, зеро медонам, ки ҳар касе ҷиноят кард,ҳатман ҷавоб хоҳад дод ва зеро озодии мо ин дар ғуломи қонун будани мо инъикос меёбад. Ин хабар набояд аз ҷониби ташкилотҳои ифротӣ ҳангома  шаваду ҷавононро бар зидди қонуни давлат шуронанд.

Ҳамеша пайи адолати қонун бояд зист…

Маълум аст, ки Иззат Амон таълим гирифтаи давлати исломии Эрон аст. Бо фиребу найранг ва дассисаҳои худ сари чандин нафаронро тоб дода, худро ватандӯстӣ асил ва инсондӯсти ҳақиқи нишон додааст. Аммо ногуфта намонад, ки бо омадани вақт ҳар як инсон барои ҳар як кораш дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Шояд онҳое, ки пайи донистани ҳақиқат ҳастанд, кӯшиш мекунанд, ки тарафдори касе бошанд. Ҳамеша бо фикри худ, пайи донишҳои амиқ ва таҳлилҳои дуруст бошед. Дар шабакаҳои  интернетӣ, нафароне. ки тарафдории Иззат Амонро мекунанд ба ҷуз бо роҳи фиребу найранг  ва иғвою дассисаандозӣ  маблағ ба даст овардан дигар ягон манфиате  ба мардум намеоранд. Агар каме фурутар фикр кунем мақсади аслии ин хоинон пайи ғасби ҳокимият ва ғулом кардани мардуми Тоҷикистон аст. Онҳо ҳаммаслакони Иззат Амонанд ва як рӯз не якрӯз вақти онҳо ҳам фаро мерасад, ки дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Албатта, хеҷ як гурӯҳ ва ё нафаре ҳақ надорад, ки қонунҳои  қабулнамудаи ҶТ-ро  мавриди танқид қарор диҳад ва ҳар як шахс кӯшиш намояд, ки ба ин кори ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ ё шахси ифротгаро даст дошта бошад.

Риояи қонунҳои ҶТ барои ҳар шаҳрванди кишвар хатмӣ аст…

Имрӯз қазияи боздошти Иззат Амон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба гӯш мерасад. Маълумаст, ки дар урфият мегӯянд “Чоҳкан зери чоҳ”. Нафаре, ки дар Ҷумҳурии Тоқикистон ва берун аз он зиндагӣ мекунад, қонунҳои кишварро эътироф ва риоя намекунад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Аз наворҳои видеоии интернетӣ маълум мегардад, ки Иззат Амон шахси ҳавобаланду худписнд ва қаллобе беш набуд. Қонунҳои кишварро эътироф намекард. Қудрати худашро аз қудрати давлати Тоҷикистон ва халқи тоҷик боло медонист, ки ин аблаҳие беш нест. Кишваре, ки бо зиёда аз 100 давлати рӯи олам робитаи дипломатию дӯстӣдорад. Аъзо ва ҷонибдори бузургтарин созмонҳои ҷаҳонӣ аст. Халқе, ки аз як вартаи нооромию вазнини ҳаёт бо муваффақият сулҳоварда, якдигарро авф намуд ва имрӯз дар ҳоли рушду нумӯъ қарор дорад. Сулҳу оромӣ ва ободӣ ҳукмфармост. Оё метавон ин ҳамаро  нодида  гирифта бар зидди он мубориза бурд. Иззат Амон шахсе  аст, ба монанди дигар хоинони миллат, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд ва ҳадафи аслиашон ғасби миллат ва нооромии минтақа мебошад. Аз ҳама шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунам, мавзӯи асосиро дар мавриди қазияи Иззат Амон хубомӯзед ва нагузоред, ҳар аҷнабӣ ва  бадхоҳе бонохалафоне чун Иззат Амон ба миллату давлат осебе расонида фазои сулҳу оромии кишварро халалдор кунанд.

ТТЭ ҲНИ – БАЙНИ МАРДУМ ДАССИСА МЕАНДОЗАД!

Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ дар мавриди боздошти Иззат Амон  ҳаргуна сарусадоҳо паҳнгашта истодааст. Бояд донист, ки раванди муҳоҷират барои ҳама кишварҳои оламхосаст. Имрӯз саркардаҳои Ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломииТоҷикистон дар боздошти Иззат Амон байни мардум иғвою дассиса андохта истодаанд. Баъди фаҳмидани мақсадҳои  нопок ва бастани фаъолияти Ҳизби террористию экстремистӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, акнун аъзои он фаъолияти террористию экстремистии худро дар хориҷи кишвар идома додаистодаанд. Бо надоштани оддитарин донишҳои сиёсӣ ва таърихӣ ин ҳаракат чунон рафтор мекунад, ки зудтар нафареро ба гирдоби хиёнаткорӣ кашад. Ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан  падару модароне, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатиянд, мерасонам, ки ҳамеша дар пайи тарбияи фарзандони худ бошанд. Нагузоранд, ки ин бадхоҳони миллат фарзандонатонро бадоми худ кашанд. Махсусан ҷавонони муҳоҷире, ки аксарият дониши сиёсии амиқ надоранд, бо дидани оддитарин амали ин мардумфиребон метавонанд фирефтаи онҳо шаванд. Ин маккорон чунон ҳарису ҷоҳиле шудаанд, ки ба касе раҳм намекунанд. Ин ҳама заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва халқи бузурги тоҷикро тӯли 30 сол нодидагирифта,  бо баромадҳои  худ  мардумро башур оварда, мехоҳанд, мардумро боз ноором созанд, ҳадафу мақсадҳои хоҷагони худро амалӣ созанд.

Раҳматуллоева М.