Хабарҳо

«Неруиқонун” –  филме, ки ҳақиқатиҳолро ба мардум нишон дод.

Филми “Неру қонун” – ро тамошо  кардам. Ман ба таҳиягарони филм, ки ҳақиқати ҳоли воқеаҳои  дар шаҳри Хоруғ рухдодаро ба мардум нишон доданд, ташаккур мегӯям. Зеро воқеаҳои Хоруғро хоинон ва душманони миллат дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба манфиати худ маънидод менамоянд.Филми мазкур муште ба даҳони онҳост.

Дар филм шоҳидони ҳол тасдиқ намуданд, ки гурӯҳҳои ҷинояткор бо роҳбарии Зиёбеков Гулбуддин Зиёбекович ва ҳаммаслакони ҷиноятиаш чӣ мехоҳанд ва ба муқобили кормандони давлатӣ ва мақомотҳои қудратӣ чӣ корҳои ғайриқонуниро ба иҷро расониданд.

Мо хуб медонем, ки мардуми сарбаланди Бадахшон хоҳони сулҳу ваҳдат, зиндагии пурсаодат, рӯзгори хушанд. Ягон модар ва падар, аз ҷумла падару модарони љавонони Вилояти Бадахшон ҳам намехоҳанд, ки  фарзандонашон ба роҳи бад қадам гузоранд, номи онҳоро доғдор намоянд.

Вале  гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамеша дар пайи гумроҳ намудани ҷавонони ноогоҳ ва зудбоваранд. Онҳо ба воситаи ҳамин гурӯҳ ҷавонон, чи тавре дар филм омадааст, мақсадҳои ҷиноии худро амалӣ месозанд.

Мардум фаромӯш накардааст, ки гирдиҳамоиҳои солҳои навадуми асри гузашта аз он сар шуд, ки чанд нафар ҷавонони бадахшонӣ барои аз кор гирифтани собиќВазири Корҳои Дохилӣ Навҷувонов гирдиҳамоӣ ташкил намуда буданд. Аз ин мисол чунин бармеояд, ки  гурӯҳҳои  ҷиноятӣ бо роҳбарии Зиёбеков Гулбуддин Зиёбекович барин саркардагон аз ҳамон солҳо то имрӯз амал менамоянд.

Гаравгонгирӣ, кӯшиши оташ задани биноҳои маъмурӣ, зери мушту лагад гирифтани кормандони давлатӣ ва мақомотҳои қудратӣ барои ин гуруҳи ҷиноятпеша бо роҳбарии Зиёбеков Гулбуддин Зиёбекович ва ҳаммаслаконаш як амали маъмулӣ ҳисоб меёфт.

Мо сокинони кишвар, ки як бор мусибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо дасисаи маҳз ҳамин  гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ҷудоихоҳ аз сар гузаронидаем, талаби онро дорем, ки ҳар як амали душманон ва хоинони миллат дар доираи талаботи қонун дида баромада шавад. Бигузор ҳар касе аз доираи қонун берун қадам мегузорад, дар назди  қонун ҷавоб гӯяд.  Бо боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми Бадахшон ҳам хоҳони амалкарди қонун нисбати гурӯҳҳои ҷиноятпешаанд.

Неруи қонун” номгузорӣ шудани филм ҳам хеле ба мавқеъ аст.

Дигар талабу хоҳиши мо аз падару модарон ин аст, ки ба тарбияи фарзандонашон таваҷҷуҳи бештар  зоҳир намоянд, то ки онҳо зери таъсири Зиёбеков Гулбуддин Зиёбекович барин ҷинояткорон наафтанд ва номи худу падару модари худро доғдор нанамояд.

 

Олимхуҷа Олимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия.