Хабарҳо

Муқобили терроризму экстремизм якҷоя мубориза мебарем!

Имрӯзҳо воқеан ягон давлати ҷаҳон аз рух додани ҳодисаҳои террористӣ худро дар канор ҳис намекунад. Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбати ингуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад, ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар гузорад.

Чунин вазъият ҷомеаи ботамаддуни оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд. Вагарна ин падидаи номатлубро решакан намудан номумкин ва дар ин ҷода ба ҳадаф расидан душвор аст.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар саросари ҷаҳон, ба хусус дар минтақаи Осиё мебошад.

Ин тоифа як нафарареро, ки обрӯву эътибори миллатро паст намуда, қонунҳои кишвари бегонаро риоя накардааст, ҳамчун як фаъоли сиёсӣ ном мебаранд, ки ин як шармандагӣ аст.

Бо назардошти таҷрибаи солҳои 1990-1992 барои Тоҷикистони тозаистиқлол зарурат пеш омад, ки низоми сиёсиеро интихоб кунад, то ин ки тавозуни идеологиро дар ҷомеа таъмин намуда, мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ташкили давлатдории миллӣ муайян созад. Бинобар ин мардуми тоҷик бо роҳбарии ҳукумати кишвар низоми давлатдории дунявиро, ки таҷрибаи давлатдории миллатҳои гуногун мебошад, интихоб карда, мақому нақши онро дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ дарҷ гардидааст. Дар он дунявият ҳамчун низоми давлатдорӣ бо назардошти ба вуҷуд овардани шароиту имконият ба рушди арзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, он тағйирнопазир мебошад. Муҳимтарин ҷанбаи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ба сифати идеологияи расмӣ пазируфта нашудааст. Он ҳамчун арзиши ғайридинӣ принсипи гуногунақидавиро барқарор намуда, имкон медиҳад, ки ҳеҷ кадом ақида ба ҳайси идеологияи давлатӣ ё умумиҳатмӣ пазируфта нашавад, ки ин принсипу шарти асосии ҳамзистии дину давлати дунявӣ мебошад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бетоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

 

Мутахассиси шуъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 Сайфуллоев Сунатулло