Истиқлолияти миллӣ, ин гавҳарест, ки барои ҳар як миллат, халқу кишвар аз ҳамма қиматбаҳою пурарзиш мебошад. Барои ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ҳатто модарон фарзандони худро қурбон мекунанд. Аз нигоҳи таърих воқиф ҳастем, ки нафаре барои озодии миллаташ, барои ба даст овардани истиқлолияти миллаташ ва ё барои нигоҳ доштани ваҳдату ягонагии миллати худ ҷони худро аз даст додааст то абадудаҳр зиндаёд аст. Беҳуда нест ки аз аҳди одамони қадим то ба имруз номҳои Шерак, Спитамен, Куруши Кабир, Темурмалик, Восеъи қаҳрамон ва ҳатто дар давлати Ҳахоманишиниён номи шахси шуҷоу далер Комбиз, ки дар замони пойдории динни Зардушт буд то ба ҳол ба мо омада расидааст. Дар динни муқадаси Ислом низ нафаре, ки барои наҷоти миллаташ, барои наҷоти халқу қавмаш, барои ҳимояи марзу бумаш, барои ҳимояи пешвоёну гузаштагонаш, барои ҳимояи падару модараш мубориза мебарад ва ҷони худро аз даст медиҳад “Шаҳид” унвон мегирад. Яъне нафаре, ки номаш то абад пойдор аст ва то абад дар ҳақи ӯ дуои нек мекунанд. Акнун меоем ба сари мақсад. Он нафаре ва ё миллате, ки гузаштаи худро таърихи миллати худро надонад ҳеҷ гоҳ ба қадри Истиқлолият, ваҳдату ягонаги намерасад. Беҳуда нест, ки бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оила тоҷикистониён туҳфа карда шуд. Масалан баъди пош хурдани давлати абарқудрати ИҶШС (СССР) ҳамма давлатҳо истиқлолият ба даст оварданд. Аммо на истиқлолияти комил буд ин. Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон баъди ин эъломия иҷлосияи ғайринавбатиашро ҷиҳати баррасии вазъияти ба амал омада даъват намуд ва дар рафти он як қатор санадҳои сарнавиштсозро таҳия ва қабул кард. Санадҳои мазкур аз лиҳози ҳуқуқӣ истиқлолияти комил ва пурраи кишварамонро асоснок намуда, Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳони озод васл кард. То ба истиқлолияти милли расидан миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Даврони Истиқлолият бо сарварии Пешвои муаззами миллат барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву як сол қабл аз ин нахустин хиштҳои истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Имруз моро зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва ба таври дигар гуем замони глобализатсия тавре рафтор ва масъулият дошта бошем, ки дар андак хатогиамон ҳама он ормонҳои садсолаи худро аз даст бидиҳем. Имрузҳо аз ҷомеаи ҷаҳони бояд ибратомуз бошем. Кадом халқу миллате, ки дар замони глобализатсия ҳар чи бештар ба якдигар мктаҳид мешавад ва муборизаро нисбати бадхоҳони миллату халқ пурзур менамояд ҳамон қадар ба пешрафт ва ободию осудаҳолӣ ноил гашта, барои ояндаи неки фарзандону наберагони худ саҳм мегузорад. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳар як фарди тоҷик барои муқовимат ба муқолили гуруҳҳои тудраву ҷудоиандоз, тероризму радикализм муборизаи беамон бояд бурд. Ин гуруҳҳоро хурду нотавон бояд нашуморид, чунки аз замонҳои қадим то ин дам (ин гуруҳҳо дар замонҳои қадим дар аҳди Сомониён дар тасвири Фирдавсии Тусӣ бо номи “Маздакиён” ва ё “ОЗ” омадааст) ба ин гуруҳҳо ҷаҳониён мубориза бурда истодаанд. Мо низ барои озодӣ, ободва Ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ба ин гуруҳҳо бояд муборизаи бе амон барем. Тоҷикистон ба пеш!. Назарзода М.Б. муовини раиси ноҳия.
Сабтҳои охирин
Дар даҳсолаҳои охир терроризм оқибатҳои зиёди харобиоварро аз худ боқӣ гузоштааст.
Posted on Author khovaling
Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст. […]
Сокинони маҳаллаи марзии Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача: «Танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем»
Posted on Author khovaling
Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик— як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд.
Таджикистан. Окончательный крах политико-идеологической платформы ПИВТ
Posted on Author khovaling
Окончательный крах политико-идеологической платформы ПИВТ, как результат чрезвычайно высоких амбиций ее лидера