Тинҷию оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу салоҳ, якдигарро дуст доштану дар оғуш кашидан ин хислатҳе мебошанд, ки дар китоби муқаддаси мо навишта шуда, дар ҳар як баромаду суханрониашон сарвари давлат ба мо таъкид менамоянд.
Имрӯзҳо аз пешравию созандагиҳои кишвари азизамон Тоҷикистон душманони миллат «фурухташудагони номус» бадбинон талхакаф шуда кушиш доранд, ки ба ҳар роҳу восита ин хушбахтию ин тинҷию амонии моро халалдор кунанд. Аммо ба ин ғаразҳои нопокашон ҳаргиз намерасанд. Барои он, ки акнун мардуми Тоҷикистон дар гирди пешвои муаззаму меҳрубон, ба мисли куҳи «Хуҷамуъмин» побарҷову пуртаҳамул мебошанд. Ваҳдату якдилӣ оромиву осудаги неъмати бе баҳое аст, ки дар заминаи он бунёдкориҳову гул- гул шукуфоии ватан пешравии илму тарақиёт меваҳои он аст. Инро инсони солим, боақл ва бозаковат ҳис карда метавонад. На ин ки инсонҳое ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслакони он. Суханони М. Кабири, ки мардуми шарифу сарбаланд, боақлу пурҳикмати Тоҷикистони азизро ба «галаи бузу гусфанд» шабоҳат дод, бори дигар аз он далолат кард, ки ин фард ва ҳаммаслаконаш ин миллатро руи дидан надоранд. Ва ҳеҷ гоҳ ғамхори ин миллат нестанд. Чунки дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки «Ҳар чи дар қалбат аст рӯзе аз даҳонат ифшо мешавад».
Дар рузҳои охир аз шаббакаҳои интернети садоҳое баланд шуда истодаанд, ки садояшон ба мисли садои иблис аст. Дар Қуръони Карим омадааст, ки касе, ки мардумро ба ҷаҳолат, ба ҷангу ҷанҷол, ба тазоҳурот ба куштани якдигар ба бадбинии якдигар даъват мекунад, пайрави шайтон мебошад.
Дар мақолае хонда будем, ки ин гуруҳҳои терористӣ дар ҳолатҳое фаъол мешаванд, ки мардум ба «садамаи руҳӣ» гирифтор бошад, яъне ягон ҳодисаву воқеияи нохуше рух дода бошад. Ин гуруҳҳои бадкор дар вақти ҳуҷуми толибон ба Афғонистон, дар ҳодисаҳои ВМКБ дар воқеаҳои сарҳадӣ бисёр фаъолу хушҳол гардида буданд, ки мазмуни он маола ба хотирам омад.. Ҳамаи ин чӣ маъно дорад худ андеша кунед хонандаи азиз!. Мардуми шарафманду бонангу номуси Тоҷикистони азиз лаззати талхи ин гуна фиребкориҳоро солҳои 90-уми асри гузашта чашида буанд. Ва ҳеҷ гоҳ он суханони шайтону иблисоне, ки дар аврупо ҷой гарму шиками дам доранд гуш намедиҳанд. Тинҷиву ороми ин беҳтарин неъмате аст, ки ба мо ба миллати мо аз саннаи 16 ноябри соли 1992 дар “Иҷлосияи тақдирсозамон” насиб гаштааст. Мо тинҷиву амонии давлати худро, сарҳади худро ва ин Ваҳдатро ки бо талошҳои беандозаю бебаҳои пешвои миллат ва мардуми ин кишвар ба даст омадааст, бо чанголу бо дандонҳоямон мустаҳакам қапида, чун гаҳвараки чашм ҳифз менамоем.
Зинда бош эй ватан, Тоҷикистони озоди ман. Тоҷикистон ба пеш!!!!
Замира Ҳигматова, мутахассиси бахши ҷавонон ва варзиш.