Имрузҳо дар сар то сари ҷаҳони муосир як ҷунбише як инқилобе ба вуҷуд омадааст, ки ин инқилоб тақдири ҳар як халқу миллатро ҳал менамояд. Бале ин инқилоб қонунҳои нонавиштаи худро доро аст. Кадом нафаре, халқу миллате, ки ҳар чи тезтар ба ин қонунҳои норавшан ва ҳатто аз меъёр дур сарфаҳм раваду ҳарчи тезтар ба якдигар мутаҳид шавад ҳамонқадар тезтар пирузиро ба даст меорад. Ин инқилоби норушан дар тамоми дунё ҳаракат дорад ва номи онро «Глобализатсия ва ё Ҷаҳонишавӣ» меноманд. Ҳар вақт ки саҳифаи таърихро варақгардон мекуни мебини ки таърих бар муроди ин миллати тоҷик ками дар кам гаштааст. Аҷибаш ин аст, ки аз пайдоишаш ин миллати бузург ба душманон, ба хиёнаткорон, ба ҳасудон, ба аҷнабиён ва дигару дигарҳо бағал кушода онҳоро дар оғуш гирифта, нону намак додаст. Аз гуноҳи онҳо даргузаштааст ва дар охир боз ба хиёнати онҳо дучор гардидааст. Баъди инқилоби октябр тулии садсолаҳо ниёкони мо барои давлати миллӣ муборизаҳо бурданду давлати милливу озодиро орзу карда ин орзуро бо худ таги хок бурданд. Хушбахтона дар тақдири мову шумо бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини миллӣ ва демократӣ бунёд карда шуд. Ниҳоят мо соҳиби давлати ободу озод гаштем. Дар хунамон, ки ободию созандагиҳо шарора мезад дар як лаҳзаи кутоҳ бо корҳои ободонию созандагиҳо камари ҳиммат баста шуд. Бо Пешвои муаззами худ дар ҷаҳон машҳур гаштему мавқеи худро пайдо кардем. Аз ин пешрафт ва обуруи тоҷикон душманони миллат ва ё зархаридон, талхакаф шуда тамоми усулу қувваи худро барои паст задании обу руи ин миллат сарф карда гоҳ дар шаббакаҳои интернети ва гоҳ дар саҳифаҳои худ ба ҳарзагуиву ба туҳмату буҳтон оғоз бахшиданд. Мо бошем мақоли халқиро пешшаи худ кардем, ки гуфтаанд: «Аккоси сагон кам накунад ризқи гадоро» ва дар гирди сарвари муаззами миллат боз ҳам мутаҳидтар гаштему ободию озодии ватанро дучанд намудем. Аммо «душманат гар паша бошад бештар аз филаш бидон» гуфтаанд. Чи тавре, ки мо худ дар рузҳои на чандон дур шоҳид гардидем, билохира душманони ин миллат аз хориҷ ва дохили кишвар ба мисли саркардагони ТЭТ ҲНИ ва «Паймони миллӣ»-ю боз дигару дигарон тавонистанд, ки як гуруҳ ҷавонони ноогоҳ аз илму хирадро аз роҳ бероҳа карда ба роҳбарии М. Муҳаммадбоқир, Шерзамонов А, Холбаш Холбашев, У. Мамадшоева ва дигарон ба шур андохта ба бетартибиҳо ва ба кашмакашиҳову гузоштани ултимат ба Ҳукумат, итоат накардан ба қонуну қарорҳо ва эҳтиром накардан ба миллату давлат даст ба харобкориҳо ва қатлу ғорат заданд. Гарчанде ба онҳо борҳо муовини Вазири КД ҶТ, сардор Раёсати КДАМ дар ВМКБ, Прокурори ВМКБ такидан барои хотима додани бетартибиҳо муроҷиат намуда буданд. Аммо онҳо, ки ихтиёрашон дар дасти дигарон буданд ба бетартибиҳо хотима набахшиданд. Ва билохира шоҳид гаштем, ки ба онҳо чи вазъ рух дод. Оё саркардагони ТЭТ ҲНИ ва пайравонашон аз он хунрезиҳои соли 90 уми асри гузашта сер накарда буданд, ки боз ба хунрезӣ ин ҷавонони ноогоҳро кашиданд?. Оё боре ҳам ба ҷои ин ҷавонон фарзандони худро тасавур кардаанд?. Аллбате не, онҳо фақат як нияту як мақсад доранд нотинҷиву нооромӣ дар байни мардуми тоҷик. Ин гуруҳи «аҳриманон» аз пайдоиши одам ва ба хусус аз пайдоиши миллати тоҷик, ки дар китобҳои илмӣ онҳоро «ОЗ» ном мебаранд, вуҷуд доранд. Онҳоро танҳо бо ақлу хиради баланд, заковату далерӣ мағлуб мебояд кард. Мо мардуми тоҷик намегузорем, ки ягон нохалаф ва ё аҷнабие оромиву осудагии мардуми кишваро халалдор созад. Ва ба мардуми сарбаланду бо фарҳанги ВМКБ муроҷиат карда гуфтанием, ки ин Сулҳу Ваҳдати ба даст омадаи миллати тоҷикро , ки дар якҷоягӣ ва бо ҳам ба даст овардаем ҳеҷ гоҳ хору зор шудан нагузоред. Чунки; «Одамон аз дусти ёбанд бахт, душманӣ орад ба мардум рузи сахт» Чу узве ба дард оварад рузгор, дигар узвҳоро намонад қарор. Бале, он саркардагону он хоинони миллат ва он нафароне, ки аз хориҷи кишвар ба мисли М. Иқболу пайравонаш мехоҳанд, ки оромии мову шумо халалдор бошаду ҷавонони ноогоҳро ба суханони пучу холӣ ва беасос ба тарафи худ кашида ба ҳаёти онҳо хиёнат мекунанд иншолоҳ бо иродаи Парвардигор ба ғазабаш гирифтор мешаванд. Ва ба ҳар роҳу усул ё низои байни ҳамдигар ва ё бо гирифтории «Вабо…» аз байни мо мераванд. Ва билохира ҳақиқат, дустӣ, Ваҳдати ба дастомадаи мо пойдор хоҳад монд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу барқ, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад. Тоҷикистон ба пеш!. М. Назарзода.
Сабтҳои охирин
Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ
Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархурди тамаддунҳо ва хатарҳои рӯзафзуни зеҳни инсони ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор мегузорад, ки онро бузургтарин кишварҳои олам эътироф карданд. Ин кишвари тамаддунофар бо нуфузи камтар аз 10млн хеш аз хатарҳои сиёсиву мушкилотҳои глабалю умумибашарӣ ҳеҷ вақт канор нест. Дар […]
Аз муассисаҳои ислоҳи озод шудани 2644 маҳбус
Аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудани 2644 маҳбус Аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 805 маҳбус ба озодӣ баромад. Ба иттилои Илҳом Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 165 маҳбус раҳо гардид. Манбаъ афзуд, ки шумораи умумии маҳбусони […]
Хушкандешони мазҳабӣ – омилони террори Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Хушкандешони мазҳабӣ – омилони террори Сайф Раҳимзоди Афардӣ Қишри фарҳангӣ ва маърифатпарвари ҷомеа дар ҳама давру замон ба хотири ташаккул додан ва тавсеа бахшидани зеҳниёти мардум, махсусан насли наврасу ҷавон аз тамоми имконоти фикрию эҷодиаш истифода бурда, роҳи саодату хушбахтиро мепаймояд ва дар масири бахшидани огоҳию иттилооти нофеъ ҷонбозию фидокориҳо мекунад. Паймудани роҳи саодату хушбахтӣ […]