Хабарҳо

Оштинопазири нисбати душманони миллат, аз чумла терроризму экстремизм худ тарбия аст.

Ифротгар, ифротгарон ва ё гурӯҳҳои ифротӣ. Ин мафҳумҳо маънои тундравӣ, моҷароҷӯӣ, зуровариро доро буда, ба мафҳуми терроризм муродиф аст ва аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарноку даҳшатангезро ифода намуда, инсон дар ҳолати шунидани чунин калимаҳо дар худ хатар ва эҳтиёт буданро эҳсос мекунад. Дар ҳама давру замонҳо ифротгарҳо вуҷуд доштанд ва фаъолияти мафкуравию амалии худро бо тарзҳои гуногун зоҳир мекарданд.

    Гурӯҳҳои ифротӣ ва хоинони миллат, ки имрӯз дар хории кишвар сангар гирифта, мехоҳанд Ватани азизамонро ба харобазор табдил диҳанд, касоне мебошанд, ки солҳои тулони ва бахусус солои ҷанги шаҳрвандӣ гузаштагону падаронашон миёни мардум тафриқа андохта, баъдан гуреза шуданд. Ба ин монанд имрӯз ҳастанд нафароне, ки навкарон ва зердастони ҳамин гуна ташкилотҳо мебошанд ва мехоҳанд осмони софи Тоҷикистони азизро ба ғубор диҳанд. Онҳо фақат мақсад доранд, ки аксар сарчашмаҳои калони молиявӣ ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилот ва ҳаракатҳое, ки барои мақсаду ҳуқуқҳои худ мубориза мебарад, тафриқа андозанд. Ба ин восита паҳн намудани таълимоти ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст мехоҳанд нооромӣ ва норозигиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусалмонон ба вуҷуд оранд. Чунин ҳаракатҳо ба  мисли «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ансуруллоҳ», ТТЭ ҲНИ ва дигару дигарҳо чамъ 29 ададро ташкил  медиҳанд, ки фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад, метавонанд вазъи сиёсии ҷумҳуриро халалдор созанд. Имрӯз баъзе мамолики ҷаҳон ба монанди Афғонистон, Ироқ, Яману Сурия ва  давлатҳои қитъаи Африқо аз тарафи террористону экстремистон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ба майдони куштори одамони ғайринизомии бегуноҳ-пирону барҷомондагон, кӯдакон, занону духтарон табдил ёфта бошад ҳам, давлатҳои дигар аз таҳдиди ин вабои аср дар амон нестанд. Дар  замони  муосир касе кафолат дода наметавонад, ки имрӯз ё пагоҳ чунин амалҳои ғайриинсонӣ, ки дар давлатҳои номбурда қариб ҳамарӯза ба амал оварда мешавад, дар кишварашон рух намедиҳад. То он даме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама давлатҳои абарқудрату қудратталаб дар ин мубориза фаъолона ширкат наварзанд, яъне онҳоро дастгирӣ нанамоянд, терроризму экстремизм боқӣ мемонад ва чун бод дар рӯи дунё сайр намуда, бо баамаловардани ҳодисаҳои ваҳшатбор аз худ дарак медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор сари ин масъала дар ироаи паёмҳояш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конференсияҳои ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм бахшидашуда ба таври возеҳ баён намудааст, ки на ҳама давлатҳо дар муқобили терроризму экстремизм назари якхела доранд. Баъзе кишварҳое ҳастанд, ки барои манфиати худ аз як тараф ташкилотҳои террористиро тарафдорӣ ва ҳатто барои ба амал овардани амалҳои ваҳшиёна тайёр менамоянд ва аз тарафи дигар ба муқобили онҳо мубориза мебаранд.

      Барои пешгирӣ намудани ифротгароӣ ва терроризм манбаҳои молӣ ва иқтисодии фаъолияти ғайрирасмии чунин ташкилотҳо бояд муайян карда шавад. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ фикру ақидаи ҷавонони моро дигаргун месозанд. Вале ҷавононро мебояд назар ба таърих созанд, то бубинанд, ки ин палидон солҳои тулони  дар  дигар  мамлакатҳо ва солҳои навадум дар Тоҷикистон  чӣ амалҳоеро анҷом доданд. Кишвари амну осударо ба харобазор табдил дода, ҳазорон мардуми бегуноҳро ба мудҳиштарин воситаҳо ба қатл  расонданд. Дар натиҷа, беш аз 150 ҳазор нафар кушта, миллионҳо нафари дигар гуреза шуда, дар Афғонистон қабристони бузурги тоҷикони бесарпаноҳу фиребхӯрда пайдо шуд. Ногуфта намонад, ки ҳатто барои нобуд кардани миллат шахсони баруманд, олимону донишмандон, шоирону нобиғаҳои моро қасдан нобуд сохтанд. Имрузо, яъне дар замони глобализатсия, дар ин  замони пуртазод  вазифаи ҳар як падару модари тоҷик  аз он иборат аст, ки фарзандони худро дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ, ватандорию ватандӯстӣ, оштинопазири нисбати душманони давлату миллат, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ташкилотҳои ифротӣ тарбия намояд.

Дар хотир бояд дошт, ки Тоҷикистонро ба ғайр аз фарзандонаш дигар касе обод ва ҳифзу нигаҳдорӣ наменамояд.

Фарҳод Давлатов,