Идеологияро дар як вақт ҳамчун мафкураи миллӣ ва ё мафкураи ҷамъиятии давлатӣ фаҳмидан мумкин аст, вале он нисбатан маънои васеъ дошта, фарогири маҷмӯи муносибатҳо ва назарҳо буда, барои талқини ғояҳо ва манфиатҳои муайяни сиёсӣ-иҷтимоӣ равона мегардад. Боиси зикр аст, ки зери мафҳуми «мафкураи миллӣ» мафкураи ҷамъиятии давлатӣ, ки хоси тамоми (шаҳрвандони) тоҷикистониён мебошад, фаҳмида мешавад. Идеология илми мустақил нест, аммо он ифодагари донишҳои иҷтимоӣ-сиёсии марбут ба манфиатҳои шахсии хусусияти умумидошта буда, муносибатҳои муайяни иҷтимоиро мавриди омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор медиҳад. Барои аз байн бурдани низоми давлатдорӣ пеш аз ҳама идеология аз байн бурда мешавад, ё идеологияи бегонаи таҳмилшаванда ҷои онро мегирад. Идеология ин ифодакунандаи манфиатҳои миллии давлатҳо ба шумор меравад. Чуноне, ки аз таърихи худ огоҳ ҳастем то ба истиқлолияти милли расидан миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши идеологии «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» ва дар даврони ҳукумронии Иттиҳоди шуравӣ бошад бо идеологияи “Пролетариатҳои ҳаммаи мамлакатҳо як шавед” беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Беҳуда нест, ки бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оила тоҷикистониён туҳфа карда шуд. Албатта илми муосир исбот намудааст, ки кадом халқу миллате, ки гузаштаи худро наомузад ва ё надонад, ояндаи худро сохта наметавонад, ки ин борҳо дар баромадҳои пешвои муаззами миллат садо дода шудааст. Имрӯз, ки бо ибтикору ҷоннисориҳои фарзандони бо нангу номуси миллат як фазои сулҳу субот ва орому осуда дар зери идеологияҳои сифр миллӣ ба даст омадааст ва мардум ба зиндагии орому осуда ва созандагиҳо камари ҳиммат бастаанд ҳеҷ як нафаре ва ҳеҷ як гуруҳе ҳуқуқ надорад, ки ин оромиву осудагӣ ва идеологияи миллии моро халалдор намояд. Вале дар баробари ҳамма ин на вобаста аз ҳоҳишу иродаи мо ва тибқи қонунҳои нонавиштаи “Глобализатсия ва ё ба таври дигар Ҷаҳонишавӣ” шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои нопоки худро бо ҳар роҳу васила, алал хусус бо роҳи бегона намудани идеологияи миллӣ, тақлид ба идеологияву равияҳои бегона мардумро алалхусус ҷавононро гумроҳ намоянд ва амалҳои тундравонаю ифротии худро амалӣ созанд. Ифротгароӣ яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти идеологиву иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумхурии Точикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Независимая газета» дар мақолаи худ «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI», соли 2000 навишта буданд: «Мо ба ҳеҷ кас модели демократияи худро таҳмил намекунем, ки вай дар заминаи системаи ҷомеаи дунявии мо ба вуҷуд омадааст. Лекин, мо ин хуқуқи демократии худро истифода бурда, ҳамаи дигар моделҳои бегонаи сохтори давлатиро рад менамоем, ки вазъиятро дар кишвар бад мегардонад, ба ҷудоиандозӣ ва буҳрони сиёсӣ ва оқибат аз даст додани истиқлолият оварда мерасонад». Имрузҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ва геопалитики як қисм давлатҳо бо таъсири анна ҳамин гуруҳҳо идеалогияи худро аз даст додаанд. Авруосиё ин минтақаи муҳими геополитикие мебошад, ки дар он Ҷумхурии Тоҷикистон ҷойгир аст. . Дар вазъияти имрӯзаи геополитикӣ Авруосиё ҳамчун меҳвари замин (Хартленд) зери таваҷҷуҳи хоси геополитикӣ қарор дорад. Олимони сиёсатшинос ақида доранд, ки ҷомеаҳои давлатҳои Авруосиё кайҳо боз ғайриидеологӣ гаштаанд, вале ҷои ин холигиро бунёдгарони ба ном исломӣ ва идеологҳои экстремистӣ мехоҳанд пур намоянд, як намуд «мағзшӯии шаҳравандон»-и он ба ҷараёнҳои иртиҷоии экстремистию террористӣ идома дорад. Таблиғкунандагони он мехоханд, ки ба дини муқаддаси ислом ислоҳот дароранд, ба ҷои тоату ибодат хушунат, эътироз ва хунрезиро ҷой намоянд, яке аз ин ислоҳотчиён ташкилоти Машҳад-ал-Шариатӣ (1933-1977) мебошад, ки мехоҳад байни мусулмонон низои мазҳабӣ андозад, ки ин низ як навъи тундравию ифротгароӣ ва терористӣ ба ҳисоб меравад. Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ, зуроварӣ ва таҷовуз ба илму фарҳанг аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ бо номҳои: Ташкилоти «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (Собиқ Харакати Исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати Толибон», Ташкилоти «Бародарони Мусалмон», Ташкилоти «Лашкари Тайиба», Ҷамоати Исломии Покистон, «Ҷамъияти Таблиғ», Ташкилоти динии «Созмони таблиғот» («Даъват ба Ислом»), «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-таҳрир», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24», Равияи динии «Салафия», Ташкилоти «Давлатии исломӣ» («Давлати исломии Ироқу Шом»), Ташкилоти «Ҷабҳату-н-Нусра», Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Ташкилоти «Паймони мили Тоҷикистон», «(Ал-Ҷиҳод», «Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ ал- Иҷтимоӣ,)», «Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ , «Хонаи дузиёратгоҳ (Ал-Ҳарамайн)», «Артиши Шоми Бузург, «Ҷиҳоди Исломӣ- Ҷамоати Муҷоҳиддин » ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллионҳо меистанд мубориза мебаранд. Бояд ёдовар шуд, ки ташкилоту ҳаракатҳои болозикр, ки ҳамчун гуруҳҳои террористӣ –экстремистӣ шинохта мешаванд, тибқи қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст ва ҳамагуна ҳамкорӣ, кӯмак, аъзо шудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ – экстремистии номбурда, тарафдорӣ кардан ё ҳақ шумурдани ғояву фаъолияти онҳо қатъиян манъ аст. Барои ҳамкорӣ, кӯмак, аъзошудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ –экстремистии зикршуда, тарафдорӣ кардан ё ҳақ шумурдани ғояву фаъолияти онҳо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Барои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ташаккули тарзи идораи ҷумҳурии президентӣ, якпорчагӣ ва сохти конститутсионии он, ташаккули давлатдории миллӣ, инкишофи устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳаммулпазирии динӣ, рушди демократии ҷомеа, муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ, Стратегияи миллии рушд, принсипи дунявият аз қабили равандҳои идеологӣ мебошанд, ки ояндаи дурахшони онро таъмин менамоянд. Вобаста ба гуфтаҳои боло, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар инсамт тадбир андешӣ намуда истодааст. Мо, мардуми тамаддунофар ва бофарҳанги миллати тоҷик, бояд ҳамеша бо суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро дастгири менамоем. Ва он идеалогияи миллие, ки барои рушди ҳамма соҳаҳои иҷтимои ва иқтисодии мамлакатамон ҳамчун боду ҳаво зарур аст дар якҷоягӣ бояд ҳифз намоем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муносиби раванди мазкур дар паёмашон қайд карданд, “Чунонеки аз мушоҳидаи падидаҳову рафти глобализатсияи ҷаҳони муосир баръало маълум мегардад, дар асри мо идеяву назарияҳои нав омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ба шумор рафта, тарбияву парвариши насли солиму ватандӯст дар руҳияи арзишҳои миллӣ, ҷавонони хушзавқу ихтироъкор ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии онҳо кафолати таъмини рушди устувор ва ояндаи пойдори ҳар ҷомеаву давлат ба ҳисоб меравад”. Ин дастур ва ҳушдориест ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон. Ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, аз қабили «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад ва ташабуси навбатии Пешвои муаззами миллат, «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардидан аз ҷониби маҷмааи СММ далели возеҳу равшанест, ки идеологияи миллии моро алакай ҷаҳониён пазируфтаанд. Дар маҷмӯъ бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба тазодҳои геополитикӣ ва идеологии замони муосир нигоҳ накарда, дар раванди ҷаҳонишавӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба ояндаи дурахшон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона пеш меравад ва ҳар як фарди тоҷикро зарур аст, ки дар амалишавии ин сиёсати созандаю бунёдкор ва дар раванди амалишавии Идеалогияҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гӯзорад.
Тоикистон ба пеш!
Назарзода М.Б.