Хабарҳо

Ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бояд аз ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ эҳтиёт бошанд

 Воқеаҳое, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногун ба вуқуъ мепайванданд аз қабили терроризм ва ифродгароӣ, савдои одамон, куштор, гаравгонгирӣ ва дигарон мо шаҳрвандони кишварро вазифадор менамоянд, ки баҳри пешгирӣ аз хатар, оромӣ ва ободу пешрафти Ватани азизамон ҳамеша сарҷамъ бошем ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем. Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, савдои одамон ва ғайраҳо фаъолият намуда, барои ноором сохтани вазъият дар тамоми кишварҳои дунё талош меварзанд. Онҳо барои зиёд намудани сафи худ  ҷавононро бо суханҳо ва ваъдаҳои пучу хом даъват намуда, шомил ба гурруҳи худ мегардонанд. Нафароне, ки бештар шомили чунин гуруҳҳо мегарданд  ҷавонони ноогоҳ ва камсавод, шахсони бекор ва ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигарон мебошанд. Барои эмин нигоҳ доштани худ ва наздикон аз доми ин гуна гурӯҳҳо бояд ҳар як нафар, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ мафҳумҳои экстремизм, терроризм, террорист ва савдои одамонро хуб донанд ва нисбат ба фаъолияту мақсаду ҳадафҳои онҳо маълумот дошта бошанд. Бояд огоҳ бошанд, ки фаъолияти чунин гурӯҳҳо аз ноором сохтани ҷомеа, дигаргунсозии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва миллатгароӣ, зуроварӣ, таҳдид, хавфи ҳалокати одамон ва ғайра иборат аст. Онҳо дар анҷом додани ҳама гуна фаъолиятҳои ғайриинсонӣ, кушторҳо, савдои одамон, таркишҳо даст мезананд. Муҳоҷӣрони меҳнатиро зарур аст, ки аз чунин нафарон дурӣ ҷӯянд. Зеро онҳо барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопокашон аз ҳама усулу роҳҳо истифода намуда, ба касе раҳм намекунанд. Пешвои муаззами милалтамон борҳо зимни суханрониҳояшон таъкид ба амал овардаанд, ки «Терорист Ватан, миллат, забон, падару модар, дусту наздик ва хешу пайванд надорад». Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки бояд ба ваъдаҳои даромади муфт ва дар муҳлати кутоҳ бартараф намудани мушкилотҳоямон дар хориҷи кишвар, ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба нафарони шубҳанок бовар накунем. Телефонҳои дастиамонро дуруст истифода бурда, ба ҳар хел паёмакҳо ҷавоб надиҳем. Падару модарон ва шахсони алоҳидаро зарур аст, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани фарзандон мунтазам бо онҳо дар тамос буда, аз кору пайкор ва фаъолияти онҳо бохабар бошанд.

И. Сатторов, мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия.