Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид карда буданд, ки муборизаро бо ҷиноятҳои иттилоотӣ, кибертерроризм ва ҷиноятҳое, ки тавассути шабакҳои интернетӣ содир мегарданд, ҷоннок намоянд. Дар оғози ҳазорсолаи нав ҳӯдуди фаъолияти террористону ифродгароён васеъ гардида, тероризм ва ифротгароӣ характери байналмилалӣ гирифт ва ба вабои аср табдил ёфт. Дар пайи анҷом додани амалҳои тахрибкоронаи террористон ҳазорҳо нафар ҳалок гардидаву миллионҳои дигар гуреза шудаанд. Дар конфронси байналмилалӣ, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифродгароии хушунатомез» баргузор гардид, оиди ин масъалаи даҳшатовар аз тарафи сиёсатшиносон, олимон ва муҳақиқони байналмилалӣ суханҳо баргӯзор гардида буд, ки ҳамагон ин гуруҳҳоро маҳкум мекарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти мубориза ба ин зуҳуроти нангин тадбирҳои судманд андешида, барои муқовимат бо терроризм тамом кишварҳои оламро ба ҳамоҳангиву ҳамдастӣ даъват менамояд. Ифродгароӣ, хусусан дар якчанд даҳсолаи асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 хеле вусъат ёфтааст. Дар ин солҳо ҳаракатҳои ифродгарои динӣ ва гурӯҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд. Ҷунбиши «Толибон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Давлати исломии Ироқу Шом» ва “Ҳизби наҳзати ислом”аз зумраи ин созмонҳои мамнуъ эълоншуда мебошанд. Беҳӯда нест, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар вохӯриҳо бо аҳли ҷамоаи ҷаҳонӣ чунин гуфта буданд: «Рисолати таърихии дин ва давлати тоҷикон ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни мардум. Пешниҳодҳои «дӯстӣ» ва баҳсҳои мазҳабӣ низ сабаби шомилшавӣ ба ин равияҳои хатарзо шуда истодаанд. Донишмандон ва муҳаққиқон ба хулоса омаданд, ки ҳоло ҳам матлабҳои зиёди дорои хусусияти ифродӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Зиёда аз 1,6 млн аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Дӯстони зиёд пайдо карда, суҳбатҳо мекунанд, андешаҳояшонро менависанд. Аммо дарк намекунанд, ки дар ин шабакаҳо таблиғ ва ташвиқ хеле моҳирона ва маккорона истифода мешавад. Аз ин сабаб баъзан огоҳона ва баъзан ноогоҳона ба доми ин гурӯҳҳои ифротгаро меафтанд ва бехабаранд, ки ин амали онҳо ғайриқонунӣ аст ва барои он ҷазо пешбинӣ шудааст». Чанде пештар суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Вахшро барои ташвиқу тарғиби маводи дорои хусусияти террористӣ ва пайравӣ ба онҳо ба 9,5 соли зиндонӣ маҳкум кард. Ин шахс ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои таблиғотии ҳизбиро тамошо карда, зерашон «класс» мондааст ва онҳоро ба дигарон фиристодааст. Бо ин ниятҳои нопок суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шахси дигарро барои ҷалб кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Чунин мисолҳо хеле зиёд дида мешаванд. Равоншинос Маҳмадулло Давлатов посух дода гуфтааст, ки барои пеши роҳи ин ҳаракатҳоро гирифтан оила, мактаб ва ҷомеа бояд бо ҳам ҳарчӣ бештар пайваст бошанд. Аммо аз байни ин сегона оила нақши калидиро бозӣ мекунад. Агар дар оила тарбия дар сатҳи хуб бошад фарзанд солим тарбия меёбад. Дар асри муосир, ки асри технологияи интернетӣ гуфта мешавад, фарқи маълумоти дуруст ва нодуруст дар умум «сиёҳ» аз «сафед» муҳим аст. Пас бояд ҳар нафар кӯшиш кунад, ки «кӣ» ва «чӣ»-и худро ёбад ва ба доми тазвири дигарон наафтад. Муҳаммадалӣ Асозода, омӯзгори мактаби №19.
Сабтҳои охирин
ВАРШАВА. ОБСЕ. 18.09.2019. Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода
Зариф Ализода, раиси ҳайати ҳукуматии ҶТ дар ҷаласаи САҲА (ш.Варшава, 16-26.09.2019с.) Баъди интихоботи парламентии соли 2015 дар Тољикистон як ќатор таѓйиротњо ба системаи интихоботї ворид карда шуд. Аз љумла баъзе пешнињодњо амалї карда шуданд. Дар Тољикистон ќонуни алоњида оид ба фаъолияти комиссияи интихоботї коркард ва ќабул гардид. Салоњияти ин комиссия васеъ гардид. Комиссия оид ба […]
Соҳилбандӣ яке аз омилҳои пешгирии офатҳои табии аст
Соҳилбандӣ яке аз омилҳои пешгирии офатҳои табиӣ аст Табиат ҳамеша зебоии худро дорост, вале бо вуҷуди ҳама зебогиҳояш ба худ хусусиятҳои хосеро дорост, ки ҳамзамон ба ҷони махлуқоти дигари худ таъсири манфӣ мерасонад, ки боиси таассуф мегардад. Яке аз он хусусиятҳои, аслан дар мавсими тирамоҳу баҳор ҳангоми боришоти зиёд омадани сел аст, ки он ҳангоми […]
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Дастгоҳи раиси ноҳия Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, 1-ҷой, маоши мансабӣ 871, 50 сомонӣ; Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. – малакаи кор бо компютер. Воҳидҳои […]