Бо талошҳои пайваста ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки ба бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ноил гардад. Баъди ин рӯйдод дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид. Ба ҳамагон маълумаст, ки дар аввали солҳои 90 –уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Бадхоҳони миллати мо мехостанд бо ҳидояту роҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд. Дар он рӯзҳо Конститутсия ва қонунҳои мамлакат зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист. Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки панҷ сол давом кард, боиси ба ҳалокат расидани 150 000 нафар шаҳрвандон, гуреза гардидани бештар аз як миллион нафар ҳамватанон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншоотҳои ҳаётан муҳим гардид. Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари басари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ аст. Баъди имзои Созишномаи сулҳ қариб як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз ватанмонда ба маҳали зист ва хонаву манзилашон баргардонида шуданд. Баробари барқарор шудани сулҳу субот дар ҷомеа имконият пайдо гардид, ки татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат тарҳрезӣ ва ба роҳ монда шавад. Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пеш меравад, далели равшану возеҳи тантнаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад. Имрӯз сокинони мамлакат дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои фархунда қарор доранд. Ин ҳам бошад, 35 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба хотири истиқболи шоиставу арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддас сокинони ноҳияи Ховалинг ҳам бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо дар шаҳраку деҳаҳо ба корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза бахшида истодаанд. Вақте ки дар кӯчаю хиёбонҳо қадам мезанию дар ҳар қадам созандагию бунёдкориро мебинӣ, дилат аз фараҳ лабрез мегардад. Имрӯз бо баракати сулҳу субот, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ховалинг чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба як шаҳраки зебои замонавӣ табдил ёфтааст. Сокинони ноҳия шукри онро мекунанд, ки тавассути сиёсати сулҳдӯстона, инсондӯстона, созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат ба ин рӯзҳои нек расиданд. Ва ҳамма он суханони ғаразноку аблаҳонае, ки имрӯзҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ аз тарафи он душманони миллат, хоинони миллат ва он нафароне, ки солҳои навадуми асри пор Тоҷикистони моро садсолаҳо ба қафо бурданд, маҳкум менамоянд. Ман ҳамчун собиқадор итминони комил дорам, ки он суханони аблаҳонаву бардуруғи ин гурӯҳони терористу экстремистро шаҳрвандони азизи Тоҷикистон, ба хусус сокинони ноҳияи Ховалинг эътибор намедиҳанд ва ҳеҷ гоҳ аз қафои ин “Зоғони сиёҳ” намераванд. Саидҷалол Сатторов, Собиқадори ҲХДТ дар ноҳия.
Сабтҳои охирин
Сокинони маҳаллаи марзии Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача: «Танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем»
Posted on Author khovaling
Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик— як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд.
ВАРШАВА. ОБСЕ. 23.09.2019 – Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане
Posted on Author khovaling
Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане ВАРШАВА. ОБСЕ. 23.09.2019
Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
Posted on Author khovaling
Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст». […]