Хабарҳо

Ҷомеа ва тероризми иҷтимои

Тероризм ва экстрмизм  яке аз зуҳуроти   номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ   ба   ҳисоб  рафта,   боиси   ба миён омадани     оқибатҳои   нохуш,   мисли    зӯроварӣ,   расонидани   зарари   вазнини  рӯҳонию   ҷисмонӣ,   таҷовус   ба   ҳаёти инсон,  бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангрехтани низоми миллӣ,  иҷтимоӣ  ва диннӣ гардидааст.  Ифротгароӣ  байни  табақаҳои  мухталифи ҷомеа   махсусан  ҷавонон  бештар паҳн гардида,  оқибат ба   вайронкорӣ оварда истодааст.

         Фаъол гардидани  созмону  ниҳодҳои  диннӣ  ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта  ба ҳаёти сиёсию  иҷтимоӣ  таъсири бештар   мерасонад.          Ин қабил  созмону ниҳодҳо   барои ноил    гардидан  ба   ҷавонон  такя мекунанд  ва аз надоштани таҷрибаи  кофии зиндагии  онҳо  ба хубӣ   истифода  мебаранд. Одатан  ҷавононе, ки аз лиҳози   зеҳнӣ   ва  ақлонӣ рущд   наёфтаанд, осебпазиртар  буда зуд  ба ин  ҷараёнҳо   ҷалб  мегарданд.

          Паст будани сатҳи огоҳии як  зумра   ҷавонон  аз   мазмун  ва   моҳияти  дини мубини  Ислом ,   маърифати исломӣ   инчунин   таблиғоти  шадиди   гурӯҳҳои  ифротӣ   тавасути   воситаи  ахбори омма,  хусусан  шабакаҳои интернетӣ аз ҷумла  омилҳои  рушди ин  раванд  байни ҷавонон мебошад.  Аз ин рӯ ҳар як  фарди  худогоҳу худшиносро  зарур аст , ки нисбат ба ин гуна кирдорҳои ҷиноятӣ ва амали  ғайриинсонӣ   бетараф набошад, зеро  ин   вабои аср  мисли тори анкабут  сайёраро    фаро гирифтааст.    Сарвари  давлатамон  мӯҳтарам  Эмомали  Раҳмон  ба қувваи  бузург   ва  неруи созанда доштани ҷавонон ва мардуми меҳнатқарини  Тоҷикистони азиз  такя  намуда,  доимо  ба баланд  бардоштани    сатҳи  рушди  арзишҳои инсонӣ   ҳидоят  менамояд. Бинобар  ин  ҷавононро   зарур аст, ки  ҷавобан ба ин  ғамхориҳои   Пешвои  муазами  миллатамон  саъю   талоши хешро   ба донишандӯзӣ,  интихоби касбу ҳунарҳои  муосир, ҳимояи  Ватан   ва бунёдкорӣ равона созанд, аз амалҳои наҷибу   ҷавонмардонаии  Пешвои  миллат дар роҳи  инсондӯстӣ , хештаншиносӣ,   ватанпарастӣ,  ифтихор  аз  миллату  давлат  ва  арзишҳои  миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш  истифода  намоянд.

Аҳрорзода Г. Раиси  Ҷамоати шаҳраки ноҳияи  Ховалинг                     

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *